Telegram Web Link
"Агар мехоҳед дари фаҳшо ва зиноро дар ҷомеа бибандед, пас занон ва духтарони худро бо ҳиҷоб пӯшонед ва маҳрияи духтарони худро баланд макунед"

Абу Асмоа [Фарид]

🕊•┈┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Воқеъияти_имрӯзҳо ❗️

Вақте зан пости худро дар шабакаҳои иҷтимои‌ ирсол мекунад лаийку коментҳои мардони ҳавасбоз ва гургсифат барояш ирсол мешавад...!

(Чи қадар зебо, мақбул, олӣ ва ҳазор тавсифи дигар)


Вақте мутаваҷҷеҳи шавҳар мешавад шавҳаре, ки барои даровардани луқмаи ҳалол кор карда хаста мешавад мебинад аз шавҳари худ ин ибрози эҳсосотро намебинад нороҳат мешавад шуру‌ъ ба саркаши мекунад ... Зиндаги‌ талх мешавад ва мутасифона ба талоқ меанҷомад. Хоҳарам ба хотири ин алфози зебо дар қазои маҷҷози ва сафҳаҳои иҷтимои‌ мағрур нашав.

Ба ҷумалоти мардони бекор ва ҳавасбозе, ки ру‌зона корашон ин аст, ки ба даҳҳо зан калимоти ошиқона бигуянд то шояд якеро барои ҳавас задан паийдо кунанд...хушҳол нашав хона ку‌дакон ва зиндагиятро ҳифз кун нагузор зиндагии маҷҷози зиндаги ва хонаводаи воқеъиатро аз ту бигирад.

Аслан назар макун ва нагузор касе таърифу тафсифи пости гузоштаи ту кунад. Агар ҳамон постро як мард гузорад ҳеҷ кас таърифу тавсиф намекунад. Зеро максади ин гургсифотон аз таърифу тавсифи пости ту ин ба доми худашон кашидани ту аст!

- Хоҳарам ҳеҷ марди дунеё ҷои марди худатро нахоҳад гирифт ӯро ба ҳар касе муқоиса накун.
- Ва эй бародарам ҳеҷ яке аз занон ҷои бонуи худатро гирифта наметавонад ва ӯро бо ҳаркасе муқоиса макун.


— Узр мехоҳам азизон, маро нодуруст нафаҳмед.

Абу Асмоа [Фарид]

🕊•┈┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🖊ДУРӮҒ УМРИ КӮТОҲ ДОРАД❗️

إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ
«Худо онро, ки дурӯғгӯву носипос бошад, ҳидоят намекунад» [Зумар ояти 3]

🕊Аллоҳ таоло мефармояд:

إِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَكَاذِبُونَ
«Аллоҳ шоҳидӣ медиҳад, ки мунофиқон дурӯғгӯянд»
📕[Мунофиқун 1]

✍🏻Дурӯғ гуфтану шоҳидии дурӯғ додан нишонаи мунофиқин аст. Оё розӣ мешавӣ, ки туро дар сафи мунофиқин донанд. Агар не, пас аз гуфтани дурӯғ ва шоҳидии дурӯғ додан дур бошед!

قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ
«Марг бод бар он дурӯғгӯён» [Зориёт 10]

📝Имом Абу‌ҳанифа бо санад аз Абу‌ҳураи‌ра аз Набии Худо (саллаллоҳу алаи‌ҳи ва саллам) гуфт:

"Зулм ва Дурӯғ дие‌р (мулк, кишвар)-ро ба қашшоқи‌ мекашад"
📕"Муснад"- и Имом Абӯҳанифа (р)

Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

"Дар вуҷуди мусалмон ҳар гуна хислатҳои (бад) буда метавонад, магар дурӯғгӯи ва хиёнат" 📚Ривояти имом Аҳмад

🕊•┈┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝ДУ РӮЙЯГИ АЗ СИФОТИ МУНОФИҚИН❗️👇👇👇👇
📝ДУ РӮЙЯГИ АЗ СИФОТИ МУНОФИҚИН

Яке аз офатҳои бузурги забон, нифоқ ва ду рӯйяги аст, ки мумкин аст пояҳои ваҳдати иҷтимоъиро аз байн бибарад ва риштаи меҳру муҳаббатро миёни ду дӯст қатъ кунад.

✍🏻Дар дини муқаддаси ислом, ду рӯйи ба шиддат мазмум дониста шуда ва шахси, ки дорои ду забон, ду рӯй, ду ҷанба ва ду ҷеҳра бошад, бадтарин мардум дониста шудааст.

📝Дар ҳадисе, ки Абуҳурайра رضي الله عنها ривоят мекунад ки Паёмбар صلی الله علیه وسلم фармуданд:

"تَجِدُونَ شَرَّ النَّاسِ ذَا الوَجهَینِ یَاتیِ هَوُلَاءِ بِوَجهِِ وَهَوُلَاءِ بِوَجهِِ"

Яъне: Бадтарини мардум дар рӯзи қиёмат инсони ду рӯйя аст, ки бо як чеҳра назди як гурӯҳ меравад ва бо бо чеҳраи дигар назди гурӯҳи дигари меравад"
📚صحیح البخاری ۶.۵۸

📝Дар ҳадиси дигар, ки онро Амор ибни Ёсир رضي الله عنها ривоят мекунад ки Паёмбар صلی الله علیه وسلم фармуд:

"مَن کَانَ لَهَ وجهَانِ فِي الدُنیَا، کَانَ لَهُ لِسَانَانِ مِن نَارِِ یَومَ القِیَامَهِ"

"Касе, ки дар дунё ду рӯй дошта бошад, дар рӯзи қиёмат дорои ду забони оташин мегардад"
📚Сунани Ибни Абу Довуд 4873

✍🏻Инсони ду рӯйя ҳеҷгоҳ оромиш ва амният надорад зеро ҳамеша дар тарсу ҳарос аст, ки ду рӯйяги ва ду забонияш мабодо ошкор шавад.

✍🏻Инсони ду рӯйя фақат ба манфиати худ меандешад ва бо истифода аз чеҳраи ҳаргунаи худ дигаронро бози медиҳад.

✍🏻Нишон додани ду чеҳра дар баробари 2 нафар, яке аз сифоти мунофиқин дониста мешавад зеро дар замони Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мунофиқин маҳз ҳамин коро мекарданд яъне вақте бо муъминон мулоқот мекарданд мегуфтанд мо бо шумоем.
Ва вақте ки назди пешвоёни худ мерафтанд мерафтанд мегуфтанд мо бо шумоем мо фақат онҳоро масхара мекунем, ки ин аз ду рӯйяги мунофиқин дониста мешавад.

📝Чуноне, ки Худованд мефармояд:

وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَوْا إِلَىٰ شَيَاطِينِهِمْ قَالُوا إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِئُونَ

"Ва вақте ки бо аҳли имон мулоқот мекунанд, гӯянд: «Имон овардаем». Ва чун бо шаётини худ (Яъне: пешвоёни худ) танҳо шаванд, гӯянд: «Ҳамоно мо бо шумоем. Ҷуз ин нест, ки мо тамасхур мекунем».
📚Бақара 14

✍🏻Ва Худованд дар ҷавоби ин корои мунофиқони ду рӯйя фармуд:

اللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِي طُغْيَانِهِمْ يَعْمَهُونَ
"Худо ба онҳо тамасхур мекунад ва ба онҳо дар гумроҳиашон мӯҳлат медиҳад, [то] саргашта шаванд"
📚Бақара 15

✍🏻Шоистаи мусалмон нест, ки дорои ду чеҳра бошад, Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд:

"Аз ҷумлаи касоне мабош, ки бо ҳар боде ҳаракат мекунанд яъне ду рӯйя мабош ва зоҳир ва ботинат бояд яксон бошад"

✍🏻Худованд ҳамаи муъминонро аз ин ахлоқи бад ва аз ин амали зишт, ки зебандаи мусалмони ҳақиқи нест дур нигаҳ дорад, воқеан барои як мусалмон доштани чунин сифат шармандагист.

🕊•┈┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🌷Пас ноумеди аз барои чист? Фақат тавба ва бозгашт аз гуноҳу маъсият бикун!

🕊•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝Аз Абуҳурайра رضي الله عنها ривоят шудааст, ки Паёмбар صلی الله علیه وسلم фармуданд:

● Вақте ки моли ғаниматро давлатмандон тасарруф кунанд ва байни худ тақсим карда ба умумии ғозиён ва мусалмонон ҳиссае надиҳанд!

● Ва амонатро ғанимат пиндошта дар он хиёнат варзанд!

● Ва закот доданро тавон додан пиндоранд!

● Ва илми динро наёмузанд.

● Ва мард ҳамсари худро итоат ва фармонбардори кунад ва модари худро нофармони карда ва биранҷонад.

● Ва дусти худро ба худ наздик гардонад ва падари худро дур донад!

● Ва дар масҷид садоҳо баланд гардад.

● Ва фосиқи як қабила, молик ва бузурги он қавм гардад.

● Ва разилтарини як қавм раис ва кафили онҳо гардад!

● Ва мард аз аз ҷиҳати тарс ва бадии ӯ, гироми дошта ва иззат карда шавад!

● Ва занон сароянда ва раққоса

● Ва ҳамчунин олоти суруд ва мусиқи зоҳир ва ривоҷ гардад.

● Ва шароб нушида шавад!

Ва пасиниёни ин уммат пешиниёни ин умматро нафрин гӯянд.

- Пас дар он вақт интизор шавед боди сурх ва зилзиларо ва масх шудан ва санг афтодан аз осмонро ва нишонаҳои қиёматро ки пай дар пайанд монанди муҳраҳо, ки риштаи он канда мешавад ва муҳраҳо пай дар пай меафтанд"
📚Ривояти Тирмизӣ

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Пӯшондани номи саҳифа бидуни зикр ва номи саҳифа қатъиян манъ аст:


📲TELEGRAM | @HIDOYATI_ZANON
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
МАҚСАД АЗ ЗИЛЗИЛАҲО ЧИСТ

📝Имом Аҳмад رحمه‌الله дар муснадаш ҳадисеро ривоят мекунад, ки:

"Анас ибни Молик бар Оиша رضی الله عنها ворид шуд гуфт:

- Эй модарам! Дар робита бо зилзила бароям сӯҳбате кун.

- Оиша رضی الله عنها гуфт: "Зилзилаҳо чанд сабаб доранд""

● Вақте ки гуноҳон дар байни мардум густариш ёбанд.
● Фаҳшо ва зино зоҳир шавад.
● Шаробхури ривоҷ гардад.
● Гуноҳони кабира густариш ёбанд ва мардумро фаро гирад.


- Ин ҷост, ки Аллоҳи мутаол мегӯяд:
"Бар онон зилзила кун..."

- Анас гуфт: Эй модарам! Оё ин як азоб барояшон аст?

- Гуфт ба Аллоҳ қасам на! Балки раҳмат ва панде аст барои мӯъминон ва азобе аст барои кофирон..."
📚Муснади имом Аҳмад

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
✏️ "Барои хоҳарон ва духтарони худ шахсан худатон марди диндор ва хуш ахлоқеро пайдо кунед. Ҳарчанд барои зани дувум ва сеюм ҳам ки бошад. Ва ин кор дар шариат мамониате надорад"

  "Қасам ба Аллоҳ ин барои хоҳарон ва духтарони мо беҳтар аст, аз ин ки бо марди фосиқе издивоҷ кунад ва дунёву охираташро хароб кунад. Ва ба имонаш нуқсе ворид кунад"


  Абу Асмоа [Фарид]

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Пӯшондани номи саҳифа бидуни зикр ва номи саҳифа қатъиян манъ аст:


📲TELEGRAM | @HIDOYATI_ZANON
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝Исо ибни Марям علیه السلام бар болои кӯҳе намоз мехонд.

Иблис назди ӯ омад ва гуфт: "Ту ҳасти ки иддаъо мекуни ҳама чиз бо қазо ва қадар аст?"

🍃Исо علیه السلام фармуд: Бале.

🪷Иблис гуфт: Пас худатро аз болои кӯҳ поён парто ва бигӯ: "Тақдири ман чунин будааст"

Исо علیه السلام фармуд:

"Эй малъун, Худованди мутаъол аст, ки бандагонашро озмоиш мекунад на ин ки бандагон Худовандро имтиҳон кунанд"

📚منبع: موسوعت ابن أبي الدّنیا

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Пӯшондани номи саҳифа бидуни зикр ва номи саҳифа қатъиян манъ аст:


📲TELEGRAM | @HIDOYATI_ZANON
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝Аҳмияти ташкили хонавода аз дидгоҳи асҳоби Паёмбар صلی الله علیه وسلم❗️

1. Ҳазрати Умар رضی الله عنهم фармуданд:

"Ҳеҷ чиз ба ҷуз нотавони ё шаҳватрони, монеъи издивоҷ намешавад"

2. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос رضی‌ الله‌ عنه мефармояд:

"Бо зуҳд ва ибодат, инсон обиди комил намегардад то ин ки издивоҷ кунад"

3. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд رضي الله عنها мегӯяд:

"Агар аз умри ман Фақат 10 рӯз боқӣ монда бошад, дӯст дорам издивоҷ кунам то Худованди мутаъолро дар ҳолати муҷарради мулоқот нанамоям"

✍🏻Тамоми оёт ва аҳодис ва ривоёте ки то кунун дар мавриди аҳмияти издивоҷ баён кардем як қатрае аз дарё буд. Ҷавонон бо мутолиаи ин матолиб дастури Худо ва Расул صلی الله علیه وسلم ро лаббайк гуфта ва баҳонае монеъи анҷоми умури динияшон намешавад.

وما توفیقی الا بالله علیه توکلت و الیه انیب.

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ➡️
@hidoyati_zanon
2024/05/19 03:13:16
Back to Top
HTML Embed Code: