‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ♥️ ঊঈ═─┅

🍃Ин ғами беҳаё маро боз раҳо намекунад,

🍃Аз ману нолаҳои ман ҳеҷ ҳаё намекунад.

‌‎‌‌‌‎‌‎
‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ♥️ ঊঈ═─┅


Дар ҳама шаҳр хабар шуд, ки ту маъшуқи мани,
Ин ҳама дурию парҳезу такаббур чи куни?

Ҳадду андозаи ҳар кор падидор бувад,
Мабар аз хад, санамо, саркашу кибриву мани.

Аз паи он ки қазо ошиқи ту кард маро,
Ин ҳама тири чафо бар мани мискин чи зани?

Аз ғамии ту ғаниям в-аз ҳама олам дарвеш,
Нест чун ман ба ҷаҳон аз ғам дарвеши ғани.

Ин дам аз олами ишқ аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумари қиммати худ мешикани.

Гар ту хохи, ки чу Аттор шави дар раҳи ишқ,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.

◍⃟ #Аттори_Нишопурӣ
🍃Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

🍃Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

◍⃟ #Мавлоно
Эй бо ману пинҳон чу дил аз дил саломат мекунам,

Ту Каъбаӣ ҳар ҷо равам қасди мақомат мекунам.

Ҳар ҷо ки ҳастӣ ҳозирӣ аз дур дар мо нозирӣ,

Шаб хона равшан мешавад, чун ёди номат мекунам.

◍⃟ #Мавлоно
🌟✉️🌟✉️🌟✉️🌟

🍀 Имом Ғаззолӣ (р.а) мефарояд ки Аллоҳ (т.т) 3-чизро дар 3-чиз пӯшонида аст.

1️⃣ Ризояшро дар тоъаташ: Пас ҳеҷ тоъатеро хӯрд нашумор зеро мумкин ризои Аллоҳ (т.т) дар он бошад.

2️⃣ Ғазабашро дар маъсият: Пас ҳеҷ гуноҳеро хӯрд нашумор зеро имкон дорад ки ғазаби Аллоҳ (т.т) дар он бошад.

3️⃣ Вилоятро дар бандагон: Пас ҳеҷ бандаеро ҳақир нашумор зеро мумкин аст ки яке аз дӯстони Аллоҳ (т.т) бошад.

📚 Арбаъин - Имом Ғаззолӣ (р.а)
Барон Ротшилд, дар китоби “Зарбуламасалҳои муваффақият”, менависад: «Бе зарурият бо ашхос муошират накунед». Мумкин аст каме сарду беэътино ба назар расад, аммо ба хотир дошта бошед, ки зиндагии шумо гаронбаҳо ва арзишманд аст. Зиндагии шуморо дақиқаҳо ва соатҳои ҳар рӯза ташкил медиҳанд. Наметавонед ин замони маҳдудро сарфи муошират бо касоне бикунед, ки на метавонед ба онҳо кумак кунед ва на онҳо метавонанд ба шумо кумак кунанд. Бояд ба диққат аз фурсати худ истифода ва аз он посдорӣ кунед. Бенҷамин Франклин менависад: «Оё зиндагиро дӯст медоред? Пас вақти худро талаф накунед, зеро зиндагӣ аз вақт сохта мешавад».
❣️Ҳаргиз фикр накунед бояд чанд сол пеш шурӯъ мекардед, ин фикр боварҳоятонро хароб мекунад...
Дар ивази ин фикр бигӯед...
Мехоҳам ҳамин ҳоло шурӯъ кунам ва беҳтарин солҳои зиндагиамро халқ кунам.🍃🍃
Се навъ тафаккур, ки намегузоранд орзуҳоятро ҷазб намоӣ:

1. Аҷала дорӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ба он бирасад.
- Ба замонбандии Худованд эътимод надорӣ.

2. Ноумед мешавӣ ва фикр мекунӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба он немерасӣ.
- Ба бахшандагии Худованд боварӣ надорӣ.

3. Хостаҳоятро ғайримумкин ва дастнаёфтанӣ медонӣ.
- Аз бузургии Худо ғофил ҳастӣ.
Баъзе аз ҳарфҳо каломҳо қотиланд :
Як донишҷӯ мегуфт :
Як устоди мо соати занона дошт ва ҳамеша онро мепӯшид , мо механдидем ва масхарааш мекардем .Баъдан фаҳмидем ки он соат аз они духтари фавткардааш будааст .
Дар як синф мӯи сохтаги аз сари як шогирд ба замин афтид ҳамаи шогирдон хандиданд ва масхарааш карданд . Вақте   муаллим хост мӯи сари сохтагиро аз замин бардорад духтарак гуфт :  Муйҳоям дар натиҷаи бемории саратон аз байн рафтааст .

Баъзе вақтҳо ҳарфҳо ва хандаҳои бемаврид дардҳоро зиёдтар мекунанд .
Тифле болои қабри модараш мегирист ва мегуфт : модарҷон бархез дар вазифаи хонагиям ба ман кумак кун . Муаллимаш ӯро дар назди ҳамсинфонаш мезад ва ҳамеша мегуфт : модарат низ танбал ва бепарвост , ки ту ба дарс тайёр намеои .


Ба дурусти ки баъзе аз ҳарфҳо қотиланд
Forwarded from ꧁Ҳидояти Занон꧂  (ابو اسماء)
✍🏻Шояд чизеро нохуш донед вале дар он хайри шумо бошад❗️

✏️Мардон бояд дар рафтори бади ҳамсаронашон ва аз ин ки ба ӯ писанд нест, сабр дошта бошанд.

عبدالله بن زید قیروانی از علمای بزرگ مالکی مذهب در قرن چهارم همراه با شاگردان خود نشسته بود که فرزندش وارد شد و چنان با او خوش‌رفتاری نمود و پدر را گرامی داشت که باعث شگفتی همه شد.

از وی درباره‌ی رفتار خوب فرزندش پرسیدند. گفت: از نیکی او در حق من تعجب می‌کنید؟ با مادرش بیست یا سی سال زندگی کردم و در این مدت حتی یک سخن خوب به من نگفت اما صبر کردم [و بدی او را با بدی پاسخ ندادم] پس خداوند به جایش به من چیزی را داد که می‌بینید!

📝Абдуллоҳ ибни Зайди Қирвони аз уламои бузурги молики мазҳаб дар қарни чаҳорум ҳамроҳ бо шогирдони худ нишаста буд, ки фарзандаш ворид шуд ва чунон бо ӯ хушрафтори намуд ва падарро гиромӣ дошт, ки боиси таъҷуби ҳама шуд.

- Аз ӯ дарбораи рафтори хуби фарзандаш пурсиданд гуфт"

"Аз некии ӯ дар ҳаққи ман таъҷуб мекунед?

"Бо модараш бист ё си сол зиндаги кардам ва дар ин муддат ҳато як сухани хуб ба ман нагуфт аммо сабр кардам (ва бадии ӯро бо бади посух надодам) пас Худованд ба ҷояш ба ман чизеро дод ки мебинед"

📝Аллоҳи мутаол мефармояд:

فَإِن كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰ أَن تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا

«...Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Аллоҳ хайри бисёре дар он ниҳода бошад» 📖Сураи Нисо 19

🕊•┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дар нашри конал саҳм дошта бошем, садақаи ҷория аст.
@hidoyati_zanon
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 17 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 7 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
2024/05/11 01:05:32
Back to Top
HTML Embed Code: