Худᴏё дᴀᴩ ин ᴧᴀҳɜᴀҳᴏи ʍубᴏᴩᴀᴋи Рᴀʍᴀɜᴏн
Ҳᴀʍᴀ бᴇʍᴏᴩᴏнᴩᴏ ɯиɸᴏ
Ҳᴀʍᴀ ɜиндᴏниёнᴩᴏ ᴩᴀҳᴏ
Ҳᴀʍᴀ ʍᴀᴩдᴏнᴩᴏ Ғᴀйᴩᴀᴛ
Ҳᴀʍᴀ ɜᴀнᴏнᴩᴏ иɸɸᴀᴛ
Ҳᴀʍᴀ қᴀᴧбҳᴏᴩᴏ ᴏᴩᴏʍиɯ
Ҳᴀʍᴀ ʍуɯᴋиᴧᴏᴛᴩᴏ ᴏᴄᴏнӣ
Ҳᴀʍᴀ қᴀᴩɜдᴏᴩᴏнᴩᴏ Хᴀᴧᴏᴄӣ
Ҳᴀʍᴀ ᴩᴏҳᴦуʍᴏнᴩᴏ ᴩᴏҳᴇ
Ҳᴀʍᴀ бᴇчᴏᴩᴀᴦᴏнᴩᴏ ᴧуᴛɸᴇ
Ҳᴀʍᴀ дᴀᴩдʍᴀндᴏᴩᴏ дᴀʙᴏе
Ҳᴀʍᴀ бᴇᴋᴀᴄᴏнᴩᴏ ᴨᴀнᴏҳᴇ Ҳᴀʍᴀ хᴏнᴀҳᴏᴩᴏ ᴄᴀɸᴏᴇ
Ҳᴀʍᴀ ᴛᴀʙбᴀҳᴏᴩᴏ қᴀбуᴧ
Ҳᴀʍᴀ ибᴏдᴀᴛҳᴏᴩᴏ қᴀбуᴧ
                    Гᴀᴩдᴏни Оʍин

Обуна Шав
@RamazonMuborakm
-Дар ҳама ҳолат истигфори зиёд кунед !

-Дар хона дар вақти мулокотатон дар роҳ

-Дар бозор дар шиштгоҳ. ва да куҷое, ки набошед чун мо намедонем, ки мағфират кай нозил мешавад.

Астағфируллоҳил Аъзим ва атубу илайх.


Обуна Шав
@RamazonMuborakm
🌧 🌙 Фазилати суҳур (саҳари хурак).


Паёмбар ﷺ мефармояд :

Хӯрдани суҳури баракат аст, онро тарк накунед, ҳатто агар бо нушидани ҷуръаи аз об бошад, ҳамоно Аллоҳ азза ва ҷалла ва малоикаҳо бар суҳур (саҳари) кунандагон, дуруд ва салавот мефиристанд.

📚 - مسند امام احمد: (١١٠٨٦-)`
Ҳадисҳои Рамазон ҳатман хонед
Шумо пеш аз субҳ хӯрок мехӯред. Воқеан, дар ин хубӣ ҳаст.


«Орзуи рӯзадор ибодати Аллоҳ аст.

Рӯзаро нигоҳ доред - ин саломатии шуморо беҳтар мекунад.

Ҳангоме ки пеш аз саҳар аз хоб мехезед, ақаллан як маротиба об бихӯред.

Ҳар чизе дари худро дорад - дари хидмати Аллоҳ рӯза аст.

Ҳар кас дар моҳи Рамазон рӯза бигирад, ҳама гуноҳҳои дар гузашта содиршуда омурзида мешавад.

Рӯза сипаре аз дӯзах аст.

Биҳишт дарвозае дорад, ки «Райн» ном дорад, ки аз он танҳо рӯзадорон медароянд.

Хӯрдани пеш аз саҳар дар моҳи Рамазон пур аз фаровонӣ аст. Пеш аз субҳ бихӯред.

Агар бандагони Худо аз тамоми фазлу фазилатҳои моҳи Рамазон медонистанд, орзу мекарданд, ки он як сол давом кунад.

Касе, ки дар моҳи Рамазон як гуноҳ карда бошад, азоби дучанд мешавад, касе, ки як кори неке кунад, дучанд савоб мегирад.

«Рӯзаи касе, ки дуруғ, сухани зишт ва савгандҳои дуруғро тарк намекунад,Аллоh ба рӯзааш ниёз надорад.»🤎
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу

Эй бародарон ва хоҳарони гиромӣ!
Ба маҳбуби дилҳо Паёмбар ﷺ салавот ва дуруд бифиристед!
اللَّهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ.

"Аллоҳумма салли ва саллим ъала набиййина Муҳаммад."

"Парвардигоро бар паёмбарамон Муҳаммад дуруд ва салом фирист."
ШИКАНАНДАХОИ РУЗА
Мутобиқ ба Қуръону Суннат донишмандон аъмоли шиканандаи рӯзаро муайян кардаанд. Агар рӯзадоре аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб яке аз онро анҷом бидиҳад, рӯзааш фосид мешавад. Бо содир кардани баъзеи ин аъмол қазо кардан ва каффорати гуноҳ воҷиб мегардад.
Масалан, агар рӯзадоре қасдан чизе бихӯрад, биошомад ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) анҷом диҳад, ҳам қазо ва ҳам каффора бар ӯ воҷиб мегардад.
Дигар корҳое, ки рӯзаро фосид мекунанд, чунинанд:
Бӯса кардану ламс намудане, ки боиси баромадани оби манӣ шавад; сангрезаву чизе ки хӯрданӣ нест ё фурӯ бурдани донаи себ; чакондани даво бар гӯшу бинӣ ё димоғ; қай кардан бо пурии даҳон. 
Дохил кардан (шудан)-и чизе ба бадан, қасдан. Фарқ надорад, ки он чиз ба бадан ғизо мешавад, ё не, масалан, кашидани сигор, агарчӣ дуди сигор ба бадан ғизо нашавад ҳам рӯзаро ботил мекунад. Зеро Ибни Аббос (р.з) фармудааст:
«Ба ростӣ, рӯза ба чизе ботил мешавад, ки дохил шавад (ба бадан), на берун ояд».
Агар шахсе ҳангоми таҳорат кардан обро дар даҳон гирифта тавре ғарғара намояд, ки об ба шикамаш равад, рӯзааш ботил мегардад.
 Чунки Паёмбар (с) фармудаанд:
«Ғайр аз рӯзадорӣ дар дигар вақт ҳангоми ғарғара намудан муболиға кунед».
Вақте нафаре ҳангоми ғарғара намудан об ба ҳалқаш рафт, донад, ки рӯзааш ботил шуд. То бегоҳ ҳамчун рӯзадор боқӣ мемонад ва баъди Ид лозим меояд, ки як рӯз рӯзаи қазои бигирад. 
Дохил шудани магасу пашша ё хомӯшак ба ҳалқ, дохил шудани гарду ғубор, монанди гарди орд дар ҳоли ғирбол кардан, ё дуди бахур (хушбӯи, мисли испанд), гарду ғубори роҳ рӯзаро ботил намекунад.
Аммо чанд чиз аст, ки ҳангоми аз бадан хориҷ шудани онҳо рӯза ботил мешавад.
Хуни ҳайз, нифос (баъди таваллуд), қасдан қай кардан, истимно (ба зурӣ маниро хориҷ намудан) аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза мебошанд.
Ҳамчунин муртад шудану аз дини ислом баргаштан рӯзаро ботил мекунад.
 Зеро Худованд дар сураи "Бақара", ояти 217 фармудааст:
﴿وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ ٢١٧﴾ [البقرة: ٢١٧] 
“Ҳар кас аз шумоён (агар) аз дини ислом баргардад, пайванди диниашро канда кунаду ба кофирӣ бимирад, тамоми аъмолу кирдораш дар дунёву охират ботил мешавад”. 
Бақара 217
Боз дар ҷои дигар таъкид шудааст:
﴿لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ ٦٥﴾ [الزمر: ٦٥]
«Агар ба Худованд ширк биварзӣ, тамоми аъмолат ботил мегардад».
 Зумар 65 
Яке аз ботил кунандаҳои рӯза тамоми рӯз беҳуш шудан мебошад. Агар нафаре тамоми рӯз беҳуш шуда як лаҳза ҳам ба ҳуш наояд, рӯзааш ботил мешавад. Агар рӯзона ба ҳуш омад, рӯзааш саҳеҳ аст. 
Рӯзадорро лозим аст, ки ба хотири дарёфти ризои Худованд аз аъмоле, ки рӯзаро ботил мекунад, худдорӣ намояд. 
Ҳукми хӯрдан ё нӯшидани шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ
- Дар саҳеҳайн ба нақл аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармудааст:
“Ҳар шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад ва ё бинӯшад, рӯзаи худро тамом бикунад. Зеро дар воқеъ Худованд ба ӯ таъом ё шароб додааст”.
Бухорӣ ва Муслим
“Ин рӯзие аст, ки Худованд ба ӯ арзонӣ фармуда ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест”.
 Бухорӣ ва Муслим
“Ҳар касе дар моҳи Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор намояд, қазо ва каффора (таъомдиҳӣ) бар ӯ воҷиб нест”.
 Бухорӣ ва Муслим
«Худованд хато ва фаромӯшӣ ва изтиробро бар уммати ман бахшидааст».
Бухорӣ ва Муслим
«Парвардигорро! Агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем, бар мо магир».
 Бақара, 286
Бинобар ин, шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ё бинӯшад, бояд боқии рӯзаро бигирад ва рӯзаашро ба итмом бирасонад ва шикастани рӯза барои ӯ он рӯз ҷоиз намебошад.

Обуна Шав @RamazonMuborakm
Оиди 10 Рузи Охири Рамазон
Forwarded from Ëде Аз Гузашта) Liberty
03 ᴨᴇɯнихᴏд бᴀᴩᴏи 10 ɯᴀби ᴏхиᴩи ʍᴏхи ʍубᴏᴩᴀᴋи Рᴀʍᴀɜᴏн

1 - Хᴀᴩ ɯᴀб ɸᴀᴋᴀᴛ яᴋ диᴩхᴀʍ(дᴏᴧᴧᴀᴩ,ᴩубᴧ, ᴄᴏʍᴏни .....бᴀ ᴀндᴏɜᴀи ᴛᴀʙᴏнᴏиᴀᴛ) ᴄᴀдᴀᴋᴀ бидᴇх.
Аᴦᴀᴩ ᴄᴀдᴀᴋᴀи Шуʍᴏ бᴀ ɯᴀби Кᴀдᴩ ᴩᴏᴄᴛ ᴏяд ᴦуё 1000 ʍᴏх яънᴇ 84 ᴄᴏᴧ ᴄᴀдᴀᴋᴀ дᴏдᴀᴇд.

2- Хᴀᴩ ɯᴀб 2 ᴩᴀᴋъᴀᴛ нᴀʍᴏɜи ɯᴀб (ᴛᴀхᴀччуд) бихᴏн,ᴋи ᴀᴦᴀᴩ нᴀʍᴏɜи Шуʍᴏ бᴀ ɯᴀби Кᴀдᴩ ᴩᴏᴄᴛ ᴏяд ᴦуё 1000 ʍᴏх яънᴇ 84 ᴄᴏᴧ нᴀʍᴏɜи ᴛᴀхᴀччуд хᴏндᴀᴀᴇд.

3- Хар шаб 3 бор сураи Ихлос( Кулхуваллох) бихон,ки агар ин кори Шумо ба шаби Кадр рост ояд гуё 1000 мох яъне 84 сол Куръонро хар руз хатм
кардаед.
ЭЙ РАСУЛИ ХУДО ДАР ШАБИ КАДР ЧИ ДУО КУНАМ ?

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: гуфтам эй Расули Худо (с) агар шаби кадрро дарёбам чи дуо кунам ?
Расули Худо (с) фамуданд: бигу, боро Илохо! Хамоно ту бахшанда ва мехрубон хасти ва бахшиданро дуст медори, пас моро бибахш.
(Ба ривояти Ибни Моча)
--------------------------------------------

Мавриди ёдоварист, ки шаби кадр, ки бо насси сарихи Куръони карим бехтар аз хазор мох аст.
"Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст."
(Сураи кадр-3)
Ба мо кариб шуда истода аст, агар чанде дар назди ахли илм дар мушахс будан ва шаби муайянии он ихтилоф аст, аммо аксари ривоёт ва чумхури уламо бар ин назаранд, ки дар шабхои токи даххаи ахири ин мохи аст, шабхои 21,23,25,27,29,
Пас ин фурсати тиллоиро аз даст надихем ва дар ин шаб ин дуое, ки Расули Худо (с) ба дустдоштатарин хамсараш тавсия кардан дуо кунем ва инчунин дуоро дар хаки уммати исломи, ки имрузхо сахтарин рузхоро паси сар карда истодаанд фаромуш насозем
`
Дар 10 рузи охири Рамазон:

1: Хар руз Куръон бихонед агар ин хондани шумо дар шаби кадр мувофик ояд пас савоби 83 сол (1000 мох) Куръон хонданро мегиред.(Хадди акал сураи "Фотиха"-ро бихонед)

2: Зикр бисёр кунед, агар зикркунии шумо дар шаби кадр мувофик ояд, пас савоби 83 сол (1000 мох) зикр карданро мегиред. (Ла илах,а иллаллох, гуфтан ташнагиро бартараф мекунад).

3: Шабхо хадди акал 2 ракаат тахаччуд бихонед ва агар он ба шаби кадр мувофик ояд савоби 83 сол (1000 мох) тахаччуд хонданро мегиред.

4: Рузхо 2 ракаат намози нафл бигузоред ва агар он ба шаби кадр мувофик омад савоби 83 сол (1000 мох) намоз хонданро мегиред.

5: Хар руз хадди акал 1 сомони хайр кунед ва агар ин хайратон дар шаби кадр мувофик биёяд пас савоби 83 сол (1000 мох) хайр карданро мегиред.


Кори хайр дар дигар моххо дорои савобхои аз 10 то 700 дарачави мебошад, яъне як кори хайр аз 10 савоб то 700 савоб дорад, АММО дар мохи Рамазон микдори савоби он кори хайр номуайян мебошад... Чи хадде ки тасаввур кунед, аз он хам
зиёд.....)`
اللهم صل على محمد وعلى آل محمد

Аллахумма салли' аля Мухаммаддин ва' аля али Мухаммад
Audio
Суханони шайх Абдул Азиз Турайфи :Зане ки мохона дорад метона дар шабхои рамазон зикр дуоь кунад. Чойхои истичобати дуо...
Аз ибни Умар (Разияллоҳу анҳу) ривоят аст ки гуфт: "Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам закоти фитрро ба андозаи як соъ хурмо ё як соъ ҷав бар ҳар мусалмони бардаву озод, марду зан, хурдсолу калонсолон фарз гардонид ва амр кард, ки пеш аз хориҷ шудани мардум ба намоз (яъне намози ид) дода шавад."
📖 Бухᴏᴩӣ 1503 ва Муслим 984.
Forwarded from Ëде Аз Гузашта) Liberty
Охиᴩᴏн Лᴀҳɜᴀи Мᴇҳʍᴏниᴄᴛ...
Рᴀʍᴀɜᴏн ʍᴏᴩᴏ Тᴀᴩᴋ Кᴀᴩдᴀ иᴄᴛᴏдᴀᴀᴄᴛ...
Охиᴩᴏн Аʙᴄᴀᴩи(Сᴀхᴀᴩи Хуᴩᴀᴋ)
Аᴧᴧᴏҳ ʍᴏᴩᴏ ᴛᴏ бᴀ Рᴀʍᴀɜᴏни Диᴦᴀᴩ Рᴀᴄᴏнᴀд
Аʍинь

Аᴧᴧᴏҳ Руɜᴀ Вᴀ Нᴀʍᴏɜи Мᴏᴩᴏ ᴋи Пуᴩ ᴀɜ Хᴀᴛᴏ буд Қᴀбуᴧ ᴋунᴀд

Аʍинь
)))`
Forwarded from Ëде Аз Гузашта) Liberty
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва Борокотуҳ Шуморо бо Иди Рамазон Табрик мегуям
Аллоҳ таоло Хамаи Гуноҳои Моро Бибахшад.

Иди Рᴀʍᴀɜᴏн бᴀᴩ ᴛу ʍубᴏᴩᴀᴋ, бᴏɯᴀд,
Хᴀʍᴩᴏхи ᴛу Ёᴄину Тᴀбᴏᴩᴀᴋ бᴏɯᴀд.
Дᴀᴩ ᴀʙчи ɸᴀᴧᴀᴋ ɸᴀᴩиɯᴛᴀхᴏ ʍᴇхᴏнᴀнд
Сᴀд ᴩᴀхʍᴀᴛи хᴀᴋ бᴀ уʍʍᴀᴛᴏнᴀᴛ бᴏɯᴀд
Иди Рᴀʍᴀɜᴏн чи ᴨуᴩᴀᴛᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд
Ин уʍᴩ ᴀчᴀб бᴀ ᴄᴀд чᴀɸᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд

Хун ᴦиᴩя ᴋунᴇд ᴀɜ ᴩᴀɸᴛᴀни ʍᴏхи ᴩᴀʍᴀɜᴏн
Тᴀᴄбᴇху ᴛᴀᴩᴏбᴇху ᴄᴀʙᴏб ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд.

Ид Муборак
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيم

ОДОБҲОИ РӮЗИ ИДИ РАМАЗОН ВА БАЪЗЕ АЗ АҲКОМИ ОН.
ЗАКОТИ ФИТРРО ДОДАН.

Бегоҳии шаби Ид ё то Идгоҳ рафтан закоти Фитр дода шавад. Як ё ду рӯз пеш аз Ид додан низ ҷоиз аст.

ТАКБИР ГУФТАН.

Такбир гуфтанро аз вақти нишастани Офтоб дар шаби ид оғоз намуда, то ҳозир шудани Имом ба намози Ид давом медиҳем.

КАЛИМАҲОИ ТАКБИР: 

📖 اللهُ أكبر اللهُ أكبر، لا إلهَ إلَّا الله، واللهُ أكبر اللهُ أكبر، ولله الحَمْد

  БО ОВОЗИ БАЛАНД ТАКБИР ГУФТАН.

Мардҳо дар бозорҳо, масҷидҳо ва хонаҳо ва ё ҳангоми рафтан ба сӯйи Идгоҳ бо овози баланд такбир мегӯянд, аммо занҳо овози худро баланд намекунанд

ҒУСЛ (ОББОЗӢ) КАРДАН.

ЛИБОСИ ТОЗА ВА ЗЕБО ПӮШИДАН.

Ин барои мардҳо аст.

Аммо занҳо либоси зеборо дар кӯча намепӯшанд. Ба занҳо либосҳои диққатҷалбкунанда ва зеборо дар кӯча пӯшидашон ҳаром аст❗️

АТР ВА ХУШБӮЙӢ ЗАДАН.

Танҳо барои мардҳо, ба занҳо дар кӯча атр  ҷоиз нест❗️ 

ХУРМОҲОЕРО ТАНОВУЛ КАРДА БА ИДГОҲ РАФТАН.

Адади хурморо тоқ яъне 3 ё 5 дона хӯрдан суннат аст, агар хурмо набошад ягон чизеро хӯрда ба Идгоҳ рафтан.

ЗАНҲО ВА КӮДАКОН ВА ҲАТТО ЗАНҲОИ ОДАТИ МОҲОНА  (ҲАЙЗ) БУДА БА ИДГОҲ РАФТАН ҶОИЗ АСТ.

БА ИДГОҲ ПИЁДА РАФТАН.
БО РОҲЕ БА ИДГОҲ РАФТАН ВА БО РОҲИ ДИГАРЕ БАРГАШТАН.

НАМОЗИ ИДРО ДАР ИДГОҲ ХОНДАН.

Намози Идро дар Идгоҳ хондан суннат аст, вале бо сабабе ё узре дар масҷид хондан ҷоиз аст.

Танбеҳ: Бо қадри тавоноӣ барои омода кардани Идгоҳ ба якдигар кӯмак намоед
ДАР ИДГОҲ ПЕШ АЗ НАМОЗИ ИД ВА БАЪДИ ОН  НАМОЗИ НОФИЛА НАХОНДАН.

НАМОЗИ ИД АЗОН ВА ҚОМАТ НАДОРАД.

  ДАР РАКЪАТИ АВВАЛ СУРАИ АЪЛО ВА ДАР РАКЪАТИ ДУЮМ СУРАИ ҒОШИЯРО ХОНДАН.

Ё ки дар ракъати аввал сураи Қоф ва дар ракъати дуюм сураи Қамарро хондан суннат аст. Дигар сураҳоро хондан низ ҷоиз аст.

ХУТБАИ ИД БАЪДИ НАМОЗ ХОНДА МЕШАВАД.

ХУТБАИ ИМОМРО ГӮШ КАРДАН.

ТАБРИК ВА ТАҲНИЯТ КАРДАН.

БО ТӮҲФАҲО ВА ҲАДИЯҲО КӮДАКОНРО ХУРСАНД ВА ХУШНУД СОХТАН.
Такбир гуфтанро аз вақти нишастани Офтоб дар шаби ид оғоз намуда, то ҳозир шудани Имом ба намози Ид давом медиҳем.

КАЛИМАҲОИ ТАКБИР: 

اللَّهُ أَكْبرُ اللَّهُ أَكْبرُ اللَّهُ أَكْبرُ
لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ
واللَّهُ أَكْبرُ اللَّهُ أَكْبرُ
و للَّهِ الحمدُ.
Иди саъиди фитр бар ҷамиъи му'минон ва уммати Муҳаммади Мустафо صلی الله علیه و سلم муборак бод! .

تقبل الله منا و منکم، آمین!
Forwarded from Ëде Аз Гузашта) Liberty
Иди саъиди фитр бар ҷамиъи му'минон ва уммати Муҳаммади Мустафо صلی الله علیه و سلم муборак бод! .
САВОЛУ ҶАВОБ ОИДИ РӮЗАИ ШАВВОЛ
Саволи_аввал:  Рӯзаи шаш рӯзи Шаввол бояд пай дар пай дошта шавад, ё метавонем, ки он шаш рӯзро то охири моҳ рӯза дорем

Ҷавоби_аввал: Пай дар пай доштани он шарт нест. Метавонед он шаш рӯзро то охири моҳ рӯза гиред.

   Аллоҳ  рӯзаю ибодатҳоямонро қабул созад!
САВОЛУ ҶАВОБ ОИДИ РӮЗАИ ШАВВОЛ

Саволи_дуввум: Як зан дар моҳи Рамазон ҳафт рӯз одати моҳона (ҳайз) шуд. Бинобар ин ҳафт рӯз, дар Рамазон рӯза нагирифтааст. Яъне ҳафт рӯз рӯзаи қазоӣ дорад. Оё ин зан метавонад, ки дар моҳи Шаввол рӯзаи шаш рӯзи
Шавволро рӯза гираду, сипас дар дигар моҳҳо, баъди Шаввол рӯзаи қазоияшро рӯза гирад

Ҷавоби_дуввум:  Он зан бояд аввал рӯзаи қазоияшро дорад. Агар рӯзаи қазоияшро тамом кунад, пас рӯзаи Шавволро рӯза гирад.

Чунки дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар ﷺ гуфтаанд:

مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ

"Касе, ки моҳи Рамазонро рӯза гирад, сипас аз қафои он шаш рӯз дар моҳи Шаввол рӯза гирад, гӯё ки як солро рӯза гирифтааст".   (Ривояти Имом Муслим).

📜 Аз ин ҳадис баён гардид, ки агар инсон аввал моҳи Рамазонро рӯза гирад, сипас шаш рӯзи Шавволро рӯза гирад, ба ин савоби бузург ноил мегардад.
Агар инсон рӯзаи қазоӣ дошта бошад, он инсон рӯзаи Рамазонро мукаммал накардааст. Бинобар ин ӯ аввал рӯзаи Рамазонро мукаммал кунад ва пас аз он рӯзаи шаш рӯзи Шавволро рӯза гирад.

🕋 Аз Аллоҳ пурсонем, ки ҳамаи шахсони узрдоре, ки дар Рамазон бо сабаби узри шаръӣ рӯзаи худро хӯрдаанд, ба рӯзаи қазоияшонро адо намудан муваффақ гардонад ва рӯзаи қазоӣ ва ҳам рӯзаи Шавволро барояшон осон намояд! Амин

Устод Абуабдураҳмони Абдулқодир ҳафизаҳулЛоҳ.
2024/05/15 09:03:14
Back to Top
HTML Embed Code: