Мохи шарифи рамазон кариб омасодай🥰
______Қадам ба қадам ба моҳи Муборак наздик шуда истодаем...
___Моҳе ки тамоми гуноҳони мо бахшида мешавад...
_____Моҳе, ки дар он Куръон нозил шудааст...
___Моҳе, ки тамоми Дуои мо қабул хоҳад шуд...
______Моҳе , ки тамоми дарҳои Ҷаҳаннам баста мешавад...
___Моҳи зикру ёди Худо...
______Рамазон
___Хуш омади моҳи пур Файзу баракат ...🌴

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
АЛЛАХУММА ЛАКА СУМТУ ВАЪЛА РИЗК, ИКА АФТАРТУ
заъиф алчомиъ (4349)
Ин заъиф аст
⬆️⬆️⬆️

#ЗАХАБА_ЗАММАУ_ВАБТАЛЛАТИЛ_ЪУРУКУ_ВАСАБАТАЛ_АЧРУ #ИН_ШАА_АЛЛАХ
сахих абу довуд (2357)
Ин сахих аст
⬆️⬆️⬆️


Ин дуъоро баъд аз ин ки хурмо мехуред ё об менушед мегуйед, на пеш аз руза кушодан

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 1

*ТАЪРИФИ РӮЗА (САВМ)*

✍🏻 *Савм дар луғат ба маънои худдорӣ ва парҳез аст.*

■ *Ва дар Қуръон чунин омадааст:*

( إِنِّي نَذَرْتُ لِلرَّحْمَٰنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ الْيَوْمَ إِنْسِيًّا)

■ *Ман барои Аллоҳи меҳрубон рӯзае назр(1) кардаам, бинобар ин имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям.*
■[Сура Марйам 26]

✍🏻 *Ва маънои шаръии савм (рӯза) иборат аст аз: Худдорӣ аз хӯрдан ва ошомидан ва омезиш аз тулӯъи фаҷр(2) то ғуруби офтоб, ҳамроҳ бо ният ва қасди тақарруб(3) ба Худованди бузург.*

———————————————————

(1) *Назр-он чи касе дар роҳи Аллоҳ  адо кардани онро ба муносибате ният мекунад, масалан:қурбонӣ, садақа, намоз ва ғайра.*

(2) *Тулӯъи фаҷр-дамидани субҳ.*

(3) *Тақарруб-наздик шудан.*

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 2

*ФАЗИЛАТИ РӮЗА ВА МОҲИ РАМАЗОН*

(شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه)

🎙 *Моҳи Рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамоӣ ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи Рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад.*
🕋Сураи Бақара, ояти:185.

✍🏻 *Моҳи Рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое(1) аз ин фазоил мепардозем.*
———————————————————
(1)  Гушаҳо-яъне баъзе, ё чанде.
———————————————————
✍🏻 *1-Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу мефармояд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:Касе, ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷру подош аз Ӯ моҳи Рамазон-ро рӯза бигирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.*(2)
———————————————————                  
(2) Имом Бухорӣ (1901) ва Муслим (760) ривоят кардаанд.

———————————————————                
✍🏻 *2-Ва аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Худованди азза ва ҷалла мефармояд:Ҳамаи аъмоли фарзандони Одам барои худаш аст, магар рӯза, ки ба рости барои Ман аст. Ва Ман худам подоши онро медиҳ-ам. Рӯза сипар аст, пас ҳаргоҳ рӯзи разадорӣ яке аз шумо буд, сухани зишт ва носазо нагӯяд ва фарёд назанад ва ҳаргоҳ касе ба ӯ носазо гуфт, ё бо ӯ даргир шуд, бигӯяд: Ман рӯзаам(3). Қасам ба Худованде, ки ҷони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дасти Ӯст, тағйири бӯи даҳони шахси рӯзадор назди  Худованд аз бӯи мушк хушбутар аст. Ва барои шахси рӯзадор ду хушҳолӣ аст, ки бо он хушҳол мегардад:Ҳангоме ки ифтор мекунад, ба ифтораш хушҳол мешавад ва ҳангоме ки Парвардигораш-ро мулоқот мекунад, ба рӯзааш хушҳол мешавад.*(4)
———————————————————                
(3) Рӯзаам-рӯзадорам.

(4) Имом Бухорӣ (1904) ва Муслим (1151) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 *3-Аз Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Ҳамоно дар Биҳишт дарвозае аст, ки ба он Райён гуфта мешавад. Дар рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он ворид мешаванд, нидо дода мешавад:Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онгоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид        мешаванд, пас аз он ки ворид шуданд, дарвоза баста мешавад ва каси дигар аз он ворид намешавад.*(5)
———————————————————
(5) Имом Бухорӣ (1896) ва Муслим (1152) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 *4-Аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ме-фармояд:Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои Биҳишт гушуда(6) мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин(7) дар банд ва занҷир мешаванд.*(8)
———————————————————
(6) Кушода.

(7) Шаётин-шайтонҳо.

(8) Имом Бухорӣ (1898) ва Муслим (1079) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 *5-Ва дар ривояти дигар омада (аст):Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои раҳмат боз мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин ба занҷир кашида мешаванд.*(9)
———————————————————
(9)Саҳеҳи Муслим 2\1079.
———————————————————
✍🏻 *6-Ва дар ривояти имом Тирмизӣ дар дунболаи ҳадис чунин омадааст:Ва нидокунандае нидо медиҳад. Эй касе, ки хоҳони хайру хуби ҳастӣ ҷилав(10) биё ва эй касе, ки хоҳони шарру бадӣ ҳастӣ даст бардор ва Худованд бандагонеро аз оташ озод мекунад ва ин дар ҳамаи шабҳои Рамазон аст.*(11)
———————————————————
(10) Ҷилав-пеш, наздик.

(11) Сунани Тирмизӣ (682).
———————————————————
✍🏻 *Ҳамчунон ки гуфтем аҳодиси(12) бисёре дар бораи фазилати рӯза ва моҳи мубораки Рамазон омадааст, ки мо дар инҷо ба ҳамин қадар иктифо мекунем.*
———————————————————
(12) Аҳодис-ҳадисҳо.
———————————————————
🌷 Умед аст, ки Аллоҳ тавфиқ диҳад, то ба ин аҳодис амал намоем.*

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 3

*ВЕЖАГИҲОИ  МОҲИ РАМАЗОН*

■ *1-Моҳи  Рамазон  моҳи  бахшиши  гуноҳон  аст  касе,  ки бар  асоси  имони  ба  Аллоҳ  ва талаби аҷр  ва  подош  ин  моҳи муборакро  рӯза  бигирад  ва  рукни  чаҳоруми  Исломро  ба ҷо   оварад  ва  шабҳои  он  бо  қиём  ва  таҳаҷҷуд сипари  кунад,  гуноҳонаш  бахшида  мегардад.*

■*2-Моҳи  Рамазон  моҳест,  ки  азимтарин  китоби  илоҳӣ Қуръони  карим  китобе,  ки:*

( هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانَ)

■ *Роҳнамои  мардум  ва нишонаҳои  ҳидоят  ваҷудокунанда  миёни  ҳақ ва  ботил  аст.*
■Сураи  Бақара,  ояти:185.

■ *Бар Паёмбарﷺ   нозил  шудааст.*

■ *3-Дар  моҳи  Рамазон  шабе  вуҷуд  дорад,  ки  он  шаб  аз ҳазор  моҳ  яъне  83  солу  чаҳор  моҳ  беҳтар  аст,  он  шаб шаби қадр аст.*

(بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيم)

,(ِ إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ * وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ * لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ * تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ * سَلَامٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطْلَعِ الْفَجْرِ)

■ *Ҳароина  Мо  фуруд  овардем  Қуръонро  дар  шаби  қадр. Ва  чи  муталиъ  сохт,  ки  чист  шаби  қадр.  Шаби  қадр  беҳтар аз  ҳазор  моҳ  аст. Фариштагон  ва  Рӯҳ  (Ҷибраил)  дар  он шаб  ба  иҷозаи  Парвардигорашон  барои  ҳар  коре  фуруд меоянд,  он  шаб  то  тулӯъи  фаҷр  (субҳ)  салом  ва  саломатӣ аст.*
■[Сураи Қадр Ояти 1 то 5]

■ *4-Бузургтарин  маъракае,  ки  миёни  аҳли  тавҳид  ва  аҳли ширк  пирӯз  шуданд  ва  Аллоҳ  миёни  ҳақ  ва  ботил ҷудои  андохт,  ғазваи  Бадрӣ  кубро  буд,  ки  дар  ҳафдаҳуми моҳи Рамазон  иттифоқ  афтод.*

■ *5-Фатҳи Макка дар моҳи Рамазон сурат гирифтааст.*

■ *6-Ба ҷо овардани намозҳои суннат дар моҳи Рамазон, савобаш баробар бо намози фариза дар ғайри Рамазон аст ва намозҳои фариза баробар бо ҳафтод фариза дар ғайри Рамазон мебошад.*(1)
———————————————————
(1) Ба Саҳеҳи ибни Хузайма 3\191 ва Шуъабу-л-имони Байҳақӣ 3\305 руҷӯъ шавад.
———————————————————
■ *7-Моҳи Рамазон моҳест, ки дарвозаҳои раҳмат ва Биҳишт боз мешавад ва дарвозаҳои Дӯзах баста мегар-дад ва шаётин дар занҷирҳо баста мешаванд.*

■*8-Дар ҳар шаб аз шабҳои Рамазон мунодие аз осмон нидо медиҳад, эй касе, ки хоҳони хайр ва хубӣ ҳастӣ ҷилав (пеш) биё ва эй касе, ки хоҳони шар ва бадӣ ҳастӣ даст бардор.*

■ *9-Дар шабҳои Рамазон Аллоҳи мутаъол бандагонашро аз оташи Ҷаҳаннам озод мекунад.*

■*10-Рамазон моҳест, ки аввалаш раҳмат ва нимааш мағфират ва охираш озодӣ ва раҳоӣ аз оташ аст.*

■ *11-Рамазон моҳи сабр ва бурдборӣ аст ва подоши сабр Биҳишт аст.*

■ *12-Савоби анҷом додани умра(2) дар моҳи Рамазон, монанди савоби анҷом додани ҳаҷ ҳамроҳи Расулуллоҳﷺ  аст.*
———————————————————
(2) Умра-ҳаҷҷи асғар (хурд), яке аз ақсоми ҳпҷ, ки аъмоли он камтар аз ҳаҷҷи таматтӯъ ё ҳаҷҷи акбар ва иборат аз эҳром ва тавоф ва саъй байни Сафо ва Марва аст. (Фарҳанги Амид)
———————————————————
■ *13-Моҳи Рамазон моҳи бахшиш ва эҳсон аст.*

■ *14-Дар шаби охири Рамазон Худованд гуноҳи рӯзадор-онро мебахшад, чунон ки коргар баъд аз ба поён расон-идани кораш муздашро дарёфт мекунад.*

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
МОҲИ РАМАЗОН ЧИ ГУНА ИСБОТ МЕГАРДАд

Дарси 4

■Моҳи мубораки Рамазон ба ду гуна исбот мешавад:

✍🏻 *1-Рӯъяти (дидани) ҳилоли(1) моҳи Рамазон, агар як фарди одил ва ростгӯ ҳилоли Рамазонро бубинад, гувоҳии ӯ барои исботи ҳилол кофӣ аст. Ин дар сурате аст, ки осмон соф бошад ва агар осмон абри бувад ва моҳ рӯъят нашуд, бояд:*

✍🏻 *2-Си рӯзи моҳи Шаъбонро комил намуд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд: Бо дидани моҳ рӯза бигиред ва бо диданиаш ифтор кунед, пас агар (ба хотири абри будани осмон) ҳилол бар шумо пушида буд, си рӯзи моҳи Шаъбонро комил кунед.*

■ *Лозим ба тазкир (ёдоварӣ) аст, ки барои исботи ҳилоли Шаввол гувоҳӣ як нафар кофӣ нест, балки бояд ду нафари одил гувоҳӣ диҳанд ва дар сурати дида нашудани моҳ, бояд си рӯз рӯза гирифт.*

———————————————————
(1) Ҳилол-моҳи нав, моҳи аз  шаби аввали моҳи қамарӣ то се шаб, ки дар осмон ба шакли камон дида мешавад. (Фарҳанги Амид)

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 5

*Ҳукми рӯзаи Рамазон*

■ *Рӯзаи Рамазон поя ва рукни чаҳоруми Ислом аст ва бар ҳамаи касоне, ки шароити лозимро дошта бошанд фарзу воҷиб аст.*

■ *Рӯза дар моҳи Шаъбон соли дуввуми ҳиҷрӣ воҷиб(2) гардид. Ва вуҷуби рӯза бо насси(3) сареҳи Қуръон ва суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам собит аст.*
———————————————————
(2) Дар назди ҷумҳур фарзу воҷиб як аст.

(3) Нас-ояти Қуръон, ки маънои он возеҳ ва равшан бошад.
———————————————————
■ *Қуръони карим мефармояд:*
                               
(يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ)

■ *Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз шуд ҳамонгуна ки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд фарз шуда буд, то парҳезгор шавед.*
■ Сураи Бақара, ояти:183

■ *Ва мефармояд:*

(شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ)

■ *Моҳи Рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамоӣ ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи Рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад ва он касе, ки бемор ё дар сафар аст, рӯзҳои дигареро ба ҷои он (рӯза бигирад). Худованд барои шумо осонӣ мехоҳад, сахтиву заҳмати шуморо намехоҳад, барои ин ки ин рӯзҳоро комил кунед ва Худоро ба хотири ин ки шуморо ҳидоят карда (аст) бузург бишуморед, бошад, ки сипосгузорӣ кунед.*
■Сураи Бақара, ояти:185

■ *Ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефар-мояд: Ислом бар панҷ поя ва асос бино шудааст:*
✍🏻 *1-Гувоҳӣ додан ба ин ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Худои якто ва ин ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Худост.*
✍🏻 *2-Барпо доштани намоз.*
✍🏻 *3-Пардохти закот.*
✍🏻 *4-Ҳаҷҷи хонаи Худо.*
✍🏻 *5-Рӯзаи Рамазон.*

■ *Ва ҳамчунин уммати исломӣ бар воҷиб будани рӯзаи Рамазон иҷмоъ ва иттифоқ доранд ва яке аз аркон ва пояҳои асосии Ислом ва аз мусалламот ва заруриёти дин ба шумор меояд. Ва касе, ки онро инкор кунад кофир ва аз дини Ислом муртад мегардад.*

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 6

*Чӣ гуна моҳи Рамазонро истиқбол кунем?*

■ *Мусалмонони садри аввали Ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин разияллоҳу анҳум ба моҳи Рамазон эҳтимоми вежае (хоссе) медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи Рамазон зинда нигаҳ дорад, то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро рӯза бигиранд ва бо қудуми Рамазон хушҳол мешуданд, рӯзҳои онро рӯза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи тоъот (тоъатҳо) нафси худро тазкия(1) ва пок менамуданд. Ва ҳамчунин худро барои ҷиҳод бо душманон омода мекарданд.*
———————————————————
(1) Тазкия-покизакунӣ.
———————————————————
■ *Ва ҳамчунон ки зикр кардем бузургтарин ғазва ва ҷанг яъне ҷанги Бадр дар моҳи Рамазон иттифоқ афтод, фатҳи Макка низ дар Рамазон буд. Онҳо медонистанд, ки моҳи Рамазон касолат ва танбалӣ ва хоб нест, чунон ки бархе чунин гумон мекунанд, балки бояд гуфт моҳи Рамазон моҳи ибодат, ҷиҳод ва амал аст, пас бояд ин моҳи пурбаракатро гиромӣ бидорем ва ин фурсатро ғанимат            бишуморем ва ин айёмро(2) бо анвоъи ибодат ва тоъот аз зикр ва тиловат сипари кунем.*
———————————————————
(2) Айём-рӯзҳо.
———————————————————
■ *Қабл аз ҳар чиз бояд ба сӯи Худо баргардем ва холисона аз тамоми гуноҳон тавба кунем ва бо Худои хеш аҳд бибандем, ки ба сӯи гуноҳон боз нахоҳем гашт ва бандаи мухлис ва фармонбардоре хоҳем буд, дар ин моҳ кушо(3) бошем, ки ба воҷибот(4) ва мустаҳабот(5) амал кунем ва аз муҳаррамот(6) ва макруҳот6 иҷтиноб(7) варзем.*
———————————————————
3 Кушишкунанда.
———————————————————
4 Воҷибот-он чи ба ҷо оварданаш лозим бошад ва тарки он гуноҳ ва иқоб бошад.
———————————————————
5 Мустаҳабот-амале, ки ба ҷо оварданаш савоб дошта бошад ва тарки он гуноҳ ва иқоб надошта бошад.
———————————————————
6 Муҳаррамот-чизҳои ҳаромшуда, яъне он чизҳое, ки ба тарк карданаш савоб мегирӣ ва ба баҷо оварданаш гуноҳ мегирӣ.
———————————————————
7 Макруҳот-нописандида, нораво.
———————————————————

■ *Бояд тамоми аъзои бадани мо дар ин моҳ рӯза (рӯзадор) бошад, ба тавре ки забон аз ғайбат ва суханчинӣ ва каломи зишт ва ҳаром, чашм аз нигоҳ ба номаҳрам(8) ва гуш аз шунидани суханони ҳаром амсоли ғайбат, овози тарона ва дасту по аз анҷом додани аъмоли ҳаром, масун(9) ва рӯзадор бошад.*
———————————————————
(8) Иҷтиноб-парҳез кардан, дурӣ ҷустан.
———————————————————
(9) Масун-нигаҳдорӣ карда шуда.     
———————————————————
■ *Рӯза ва намозҳои таровиҳ дар моҳи Рамазон бояд аз рӯи ихлос ва имон ва умеди аҷр ва подош аз Худованд бошад на ба хотири пайравӣ аз мардум ё тарси аз онҳо рӯза гирифт.*

✍🏻 *Чунон ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:Касе ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷр аз вай рӯза гирифт гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.*(10)
———————————————————
(10) Бухорӣ 1901 ва Муслим 760 ривоят кардаанд.
———————————————————
■ *Ва фармуд:Касе ки бар асоси имон ва ихлос ва талаби аҷр аз Худованд дар моҳи Рамазон ба намоз ва шаб зиндадорӣ бипардозад гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.*(11)
———————————————————
(11) Имом Бухорӣ 37 ва Муслим 759 ривоят кардаанд.
———————————————————
■ *Бародарони мусалмон бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки шоиста аст, ки дар намозҳои таровиҳ бо ҷамоат ширкат кунанд ва ҳамроҳи имом намоз бихонанд, то ин ки имом аз намоз мунсариф шавад, то ин ки аҷр ва подоши қиёми шаб ба даст оваранд.*

✍🏻 *Расулуллоҳ саллал-лоҳу алайҳи ва саллам мефармояд:Касе, ки ҳамроҳи имом ба намоз истод, то ин ки имом аз намоз фориғ шуд, барояш қиёми тамоми шаб навишта мешавад.*(12)
———————————————————
(12) Ҳадиси саҳеҳ аст, имом Аҳмад 5\159 ва Тирмизӣ 806 ривоят кардаанд.
———————————————————
■ *Дар моҳи мубораки Рамазон шаби қадрро фаромуш накунем он шаби мубораке, ки аз ҳазор моҳ (яъне 83 солу чаҳор моҳ) афзал ва беҳтар аст, ин шаби муборак дар даҳ рӯзи охири Рамазон аст, бо зиндадорӣ ин даҳ шаби охир, бо зикр ва дуо ва истиғфор ва тиловати Қуръон битавонем фазилати шаби қадрро дарёбем.*

■ *Аз эътикофи дар моҳи Рамазон ба хусус даҳ рӯзи охир ғофил набошем.*
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
■ *Моҳи Рамазон моҳи эҳсон ва некукорист моҳест, ки бояд ба фикри дигарон буд. Пас бо инфоқ ва бахшиш ва бо садақа додан ба мустамандон(13), ба ёди онҳо бошем.
———————————————————
(13) Бечорагон, мӯҳтоҷон.    ———————————————————                             
■ *Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст, пас авқоти(14) худро бо тиловати Қуръони карим сипари кунем ва дар ин моҳ бо каломи илоҳӣ унс бигирем ва дар оёташ тадаббур ва тафаккур бикунем ва бидонем, ки Қуръони карим дар рӯзи қиёмат барои инсон шафоат мекунад.*
——————————————————— 
(14) Авқот-сиғаи ҷамъи вақт аст, яъне вақтҳо.
——————————————————— 
■ *Азизон умри инсон кутоҳ ва маҳдуд аст, пас ин айёми фархунда ва гиромиро бо лағву(15) лаъб3 ва саргармиҳои беҳуда талаф накунем ва бидонем, ки рӯзи қиёмат аз ин авқот пурсида мешавем.*
——————————————————— 
(15) Лағв-сухани беҳудаву бемаънӣ, чизи бекора.
———————————————————

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мохи Рамазон
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 7

*Шароити вуҷуби рӯза*

◻️ *Шароити вуҷуби рӯза иборат аз:*

✍🏻 *1-Ислом, пас ба фарде, ки кофир аст рӯза воҷиб нест, то ин ки мусалмон шавад.*

✍🏻 *2-Ақл, пас бар шахси девона рӯза воҷиб нест, зеро ки таклиф аз вай бардошта шудааст. Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:Қалами таклиф аз се нафар бардошта шудааст:Шахси хоб, то замоне ки бедор шавад, девона, то замоне ки ҳушёр гардад ва аз кудак, то замоне ки болиғ шавад.*(1)
———————————————————
(1) Ҳадиси саҳеҳ аст, имом Аҳмад 1\158 ва Тирмизӣ 1423 ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 *3-Булуғ, пас бар кудакон рӯза воҷиб нест, то замоне ки болиғ шаванд, аммо агар тавонои дошта бошанд хуб аст, ки онҳоро ба рӯза амр кард, то ин ки одат бигиранд.*

✍🏻 *4-Тавонои бар рӯза гирифтан, пас шахсе, ки ба хотири бузургсолӣ ё бемории музмин(2) (рӯза дошта наметавонад,рӯза бар вай) воҷиб нест ва дар изои ҳар рӯз ба як нафар мискин ғизо бидиҳад.*
———————————————————
(2) Музмин-доимӣ, давомдор.
———————————————————

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дарси 8

*Шароити сиҳати рӯза*

◻️ *Шароити сиҳат ва дуруст будани рӯза иборат аст аз:*

✍🏻 *1-Ислом, пас рӯзаи шахси кофир саҳеҳ нест.*

✍🏻 *2-Ақл, рӯзаи инсони девона саҳеҳ намебошад.*

✍🏻 *3-Тамйиз(1), пас рӯзаи кудаки ғайри мумайиз(2) дуруст нест.*
———————————————————
(1) Тамйиз-фарқ кардан.
———————————————————
(2) Мумайиз-фарқкунандаи неку бад.
———————————————————
✍🏻 *4-Пок будан аз мавониъи шаръӣ, мисли ҳайз(3) ва нифос(4), ки дар сурати вуҷуди он рӯза дуруст нест, пас рӯзаи хонумҳое дуруст аст, ки аз одоти моҳиёна(5) ва аз хуни баъд аз зоймон(6) пок бошанд.*
———————————————————
(3) Ҳайз-хориҷ шудани хун аз зан моҳе як бор дар муддати чанд рӯз.
———————————————————
(4) Нифос-хуне, ки пас аз зоидан аз занон хориҷ мешавад.
———————————————————
(5) Моҳона.
———————————————————
(6) Зоидан.
———————————————————
✍🏻 *5-Ният, бояд дар шаб ва пеш аз тулуъи фаҷр нияти рӯза дошта бошад. Ва ҷои ният қалб аст ва бидуни (бе) ният рӯза дуруст нест.*

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | https://www.tg-me.com/Ramazon_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 18 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 7 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
2024/06/09 03:36:21
Back to Top
HTML Embed Code: