Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Хатлон.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти вилояти Хатлон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор карда шуд.

Нахуст марафонро волосипедронон оғоз намуданд. Баъдан гурӯҳи чанд ҳазораи иштирокчиён аз майдони Исмоили Сомонӣ мусобиқаро оғоз намуднд.

Ба ғолибон ва иштирокчиён бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар Олмон нисбати украиние, ки боло Рейхстаг паҳподро бо парчами Русия боло кард парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Ин ҳодиса рӯзи 9 май сурат гирифт, аммо полис ин хабарро чанде пеш тасдиқ кард, хабар медиҳад Tagesspiegel.

Нисбати "ҷинояткор" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парчами Русия, лентаҳои Георгий ва паҳпод мусодира шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввали Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аз рақибаш шикаст хурд.

Паҳлавони тоҷик дар рақобат бо Михаел Агустои бразилӣ дар вақти тиллоӣ бо имтиёзи вазарӣ мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Ёдовар мешавем, ки Қувватов дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе соҳиби нишони тилло гардида буд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Сабти пастшавии нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ахиран дар ҷаласае иброз дошт, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи ҳукумат аст.

Вай қайд кард, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоюли паст шудани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак, аз ҷумла нишондиҳандаи фавти модарон 2,7 маротиба ва фавти кӯдакон 3 маротиба ба назар мерасад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Раис дар сафи пеш: Дави миллӣ ва веломарафон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд низ бо иштироки ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногун ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.

Иштирокчиёни Дави миллӣ ва веломарафон аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ тавассути пули "Ҷашнӣ" то майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат карданд.

Дар майдони Парчами давлатӣ чорабинӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибону фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
⚡️Нишасти изтирории чархболи Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон.

Ҳамчунин дар ин чархбол вазири корҳои хориҷии Эрон ҳузур доштааст.
Маълум шуд, ки чанд нафар стипендияи раиси вилояти Суғд медиҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2023-2024 баргузор гардид.

Таъкид шудааст, ки стипендияи Раиси вилоят давоми соли 2024 аз 130 адад ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми малағи он як баробар изофа карда шуд.

“Соли равон аз 550 нафар довталабон 250 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб шуданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🥊Дар мусобиқаи дуюми ҷаҳонии олимпӣ дар риштаи бокс 9 муштзани тоҷик иштирок хоҳад кард.

Аз 26 май то 2 июн дар шаҳри Бангкоки Таиланд мусобиқаи дуюми ҷаҳонии олимпӣ дар риштаи бокс баргузор мегардад. Ин охирин мусобиқаи интихобии ҷаҳонии олимпӣ маҳсуб меёбад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 муштзан муаррифӣ мекунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни духтарони то 15-сола баргузор мегардад.

Аз 21 то 25 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи навбатӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – чемпионати CAFA-2024 байни духтарони то 15-сола баргузор мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Тими миллии футболи духтарони зери 15 соли Эрон ба Тоҷикистон омаданд.

Тими миллии футболи духтарони зери 15 соли Эрон, барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалии футболи духтарони зери 15 соли Осиёи Марказӣ (CAFA) вориди фурудгоҳи шаҳри Душанбе шуданд.

Онҳо дар фурудгоҳ аз сӯии намояндагони сифорати Эрон, бо эҳдои дастаи гул мавриди истиқбол қарор гирифтанд.

Ин мусобиқот бо ҳузури тимҳои миллии кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор мешавад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
❗️Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИИАО

Тибқи омори расмӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 5,6% афзуд.

Афзоиш дар тамоми кишварҳои иттиҳод мушоҳида шудааст: дар Арманистон - 30,4%, Беларус - 6,5%, Русия - 5,6%, Қирғизистон - 4,5% ва Қазоқистон - 8%.

Дар байни соҳаҳо афзоиши бештар (8,7%) дар саноати коркард ба қайд гирифта шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Паҳподҳои зарбазани Русия мавқеъи артиши Украинаро дар хати ҷабҳаи Харков нобуд карданд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Табодули коло миёни Узбекистон ва Афғонистон дар соли 2023 ба 900 млн доллар расид

Сафири Узбекистон Ёдгорхӯҷа Шодмонов ба TOLOnews хабар додааст, ки ҷонибҳо ният доранд табодули колоро то 1,5 млрд доллар расонанд.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки Узбекистон ният дорад, барои сохтмони нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва корхонаҳои семент дар Афғонистон 400 млн доллар сармоягузорӣ кунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
2024/05/19 19:30:07
Back to Top
HTML Embed Code: