Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#якхабар

Тоҷикистон барои шаҳрвандони даҳҳо кишвари дигар низоми бидуни раводид ва ё раводиди содакардашуда ҷорӣ кард.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар шаҳрвандони 25 кишвари дигар метавонанд ба Тоҷикистон то 30 рӯз бидуни раводид ворид шавад.
Шаҳрвандони аз 55 сола болои 16 давлати дигар ҳам метавонанд барои 14 рӯз бидуни раводид ба Тоҷикистон оянд.

Ҳамчунин, шаҳрвандони 14 кишвар метавонанд раводиди Тоҷикистонро бо тартиби сода дастрас кунанд.

Бо рӯйхати кишварҳо дар сомонаи мо шинос шавед.
----------
Промо: Кӯдак таб дораду тамоми шаб нахобидаст (намехобад)? Пас ба кӯмаки шумо Пардифен Бэби мешитобад. Пардифен Бэби аз ширкати Вегафарм, аз дорухонаҳо пурсон шавед!
📖👩‍🎨Ҳоло рӯнамоии китоби тозанашри нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ бо номи "Акси осмон дар чашм" дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузашта истодааст.

Дар ҳамоиш нависандагони тоҷик ва дӯстдорони илму адаб иштирок доранд.

Ҳамоиш бо суханронии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим шурӯъ гардид ва аз ҷониби эшон
билети узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Гулсифат Шаҳидӣ супорида шуд.

Китоби тозанашри Гулсифат Шаҳидӣ бо номи " Акси осмон дар чашм" дар тарҷумаи нависанда ва тарҷумони тоҷик Салими Зарафшонфар аз чоп баромадааст.

Китоби мазкур романи тахайюлӣ буда, аз 10 боб иборат аст.

Аксҳо: аз Азия-Плюс

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🫥Имрӯз дар арафаи рӯзи озодии баён дар Душанбе ҷоизаҳои “Беҳтарин сухангӯ” ба номи Иқбол Илёсзода ва “Беҳтарин пажӯҳиши фарҳангӣ” ба номи Пайванди Гулмуродзода эҳдо гашт.

Ҷоизаи “Беҳтарин сухангӯ” - ба номи Иқбол Илёсзода ба Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷиии Тоҷикистон тақдим шуд.

Субҳон Аъзамзод, номзади илмҳои филология ва муҳаққиқи тоҷик барандаи Ҷоизаи “Беҳтарин пажӯҳиши фарҳангӣ” ба номи Пайванди Гулмуродзода гардид. Ин ҷоизарои рӯзноманигор Одили Нозир қабул кард.

Шоҳин Самадӣ маблағи ҷоизаро ба оилаи Иқбол Илёсзода тӯҳфа кард.

Аксҳо: аз Азия-Плюс

Бо ❤️ бошед: Telegram
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2024/05/02 08:06:24
Back to Top
HTML Embed Code: