Зану шавҳар монанди чашм ва дастанд. Вақте даст дард мекунад, чашм мегиряд ва чун чашм мегиряд, даст пок мекунад...

Ҳикмати ҷопонӣ
Барои саломатӣ олимон хӯрдани меваю сабзавот ва гӯшти ҳайвонотро тавсия медиҳанд, на хӯрдани гӯшти якдигарро (яъне, ғайбат карданро))
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш,
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?
Пул дар зиндагӣ чизи аз ҳама муҳим нест, аммо пеш аз он ки чунин гапҳои бемаъниро бигӯед, гирифтани онро фаромӯш накунед.

✍️ Бернард Шоу
🌱 Паёмбар (дуруди Худо бар ӯ) фармудан: "Дар шаб лаҳзае вуҷуд дорад, ки ҳар фарди мусалмоне онро дарёбад ва дар он аз хубиҳои дунё ва охират аз Аллоҳи мутаол дархост кунад, Аллоҳ ба ӯ иноят менамояд ва ин лаҳза, дар ҳамаи шабҳо вуҷуд дорад"

📚 Саҳеҳ Муслим 757
Як қоидаи инсонӣ ва ҳаётӣ барои робитаи заношӯӣ:

Аз Абӯ Дардо (р) ривоят аст, ки ба ҳамсараш гуфт: " Ҳаргоҳ ман хашмгин шудам, ту маро хушнуд [ва ором] кун ва ҳаргоҳ ту хашмгин шуди, ман туро розӣ [ва ором] мекунам. Агар ингуна набошем, зуд аз ҳамдигар ҷудо хоҳем шуд.

#заношӯӣ
Бахшанда будан, дили бузург мехоҳад

Ҷавоне як мошини зебо ҳамчун тӯҳфа аз бародараш дарёфт карда буд.
Рӯзе ҷавон аз мағоза берун шуд ва назди мошини наву пурҷилои худ писракаеро дид, ки ба мошин нигоҳ мекард ва онро васф менамуд.

Вақте ҷавон наздик шуд, писарак аз ӯ пурсид: Ин мошини шумост?
Ҷавон сарашро ба ишораи таъйид такон дод ва гуфт: Бародарам тӯҳфа карда буд.

Писарак каме тааҷҷуб кард ва пурсид: Яъне бародаратон ин мошинро бидуни он ки пуле ба ӯ диҳед, тақдим намуд? Эй кош...

Албатта ҷавон эҳсос карда буд, ки писарак чи орзуе дар дил гузаронид. Ҳис кард, ки писарак ҳам мехоҳад эй кош чунин бародаре дошта бошад.

Аммо ончи писарак гуфт, ҷавонро моту мутаҳайир кард.
Писарак гуфт: Эй кош ман ҳам чунин бародаре будам.

Ҷавон бо ҳайрат ба писарак нигоҳ карду бо худ гуфт: Чи дили бузурге дорад. Бахшанда будан ва ҳадя доданро ба ҷои ҳадя қабул кардан интихоб кард.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya
Натиҷаи сар боз задан аз бахшоиш, ин аст, ки худро аз дарёфти ҳадяҳои ношинохта маҳрум мекунем. Ҳангоме, ки бори озурдагиҳо ва ранҷишҳоро бар дӯш дорем, бисёр душвор аст, ки барои вуҷуди худ арзиш қоил шавем. Вақте эҳсос кунем, ки сазовори хушбахтӣ нестем, дар ҳақиқат муъҷизотеро, ки ҳар рӯз барои якояки мо рӯй медиҳанд, инкор кардаем. Ин худкамбинӣ ва озурдагӣ дар рӯҳӣ мо ба ситези сахт мепардозад. Ҳеҷ кадоми мо орзу намекардем, ки вақте бузург шавем, асабӣ, хашмгин ва кинаҷӯ шавем. Ҳангоме, ки ба хашмгин будан идома медиҳем, шарми ношинохта тамоми вуҷуди моро фаро мегирад ва эҳсоси шоистагии моро хадшадор мекунад. Онгоҳ ҳамон рафтореро, ки бо дигарон дорем, бо худамон низ хоҳем дошт. Бо ҳифзи эҳсоси хашм, ҳамон гуна, ки дигаронро танбеҳ медиҳем, худамонро низ озор медиҳем. Такяи беш аз андоза ба хатоҳои дигарон, моро бо қалби гаронбор бар ҷой мегузорад ва фурсатҳоямонро барои шодиҳое, ки зиндагӣ тақдим мекунад, коҳиш медиҳад.

— Дебби Форд
Домаш надидам, ногаҳон,
Дар вай гирифтор омадам.
Мавлоно
Ҳарки мехоҳад чашмони қалбашро боз кунад, амали пинҳонаш беш аз амали ошкораш бошад, зеро кори неки пинҳон манбаъи ихлос аст ва ихлос манбаъи ҳикмат аст.

— Молик бин Динор
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд сайъ беш намоӣ, батар шавад.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Телефони ҷавони муҷаррад берамз, ошиқ рамзи чоррақама, зандор чилучоррақама аст))
Дарҳол баъд аз хӯрдани таъом хоб рафтан, чи зарарҳо дорад?

• Сӯзиши меъда
• Хоби бекайфият
• Хобҳои тарснок дидан
• Фарбеҳӣ

#маълумот
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Худованди мутаол канори Асҳоби Каҳф саги онҳоро дид ва аз он ҳам ёд кард. Яъне Он Худое, ки канори обидон ва ошиқони худ, сагро ҳам мебинад ва аз саг ҳам ёд мекунад, ба ману ту мефаҳмонад, ки ман натанҳо туро мебинам, ҳатто саги дами даратро ҳам мебинам.
Пас дар ин масири бандагӣ, дар ин масири тоату ибодат, чанд рӯзе агар аз рӯи ҳикмат ё аз рӯи шароите Худованд ба ҳол ё вазъи ошуфтае гирифторат кард, фикр накун, ки Худо туро надид, Худо туро нашунид ё Худо ба ту таваҷҷӯҳ накарад.
Чун он Худое, ки саги Асҳоби Каҳфро канори онҳо ёд кардааст, чи гуна имкон дорад, ки бандае як қатра ашк барояш бичаконад ва Ӯ набинад? Як оҳе аз дили бандаи Худо баланд бишавад ва Ӯ нафаҳмад? Як раббони бо сӯз бигӯяд ва Ӯ посух надиҳад?

Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,
Зери ҳар ёрабби ту лаббайкҳост».

— مولانا بهزاد فقهی
Бузургмардеро Худованд сарват ва дороии бисёре ато карда буд. Ҳамарӯза мардуми зиёде ба дари хонаи ӯ барои рафъи ҳоҷате муроҷиат мекарданд ва он марди сахӣ, ҳоҷати ҳар яки онҳоро бароварда менамуд.

Ӯ писари навҷавоне дошт. Писар рӯзе ба падари худ гуфт:

— Падар, дар аҷабам, ки ин қадар ба халқ хидмат мекунед, ки агар рӯзе ҳоҷати шумо ба онҳо афтад, касе аз онҳо мушкили шуморо накушояд.

Падар гуфт:

— Писарам, инояти Худо ба падари ту ҳамин бас, ки бандагони хешро барои рафъи ҳоҷаташон сӯи хонаи ман равон менамояд. Ва ман дар шигифтам аз ин андешаи ту, ки мунтазири рӯзе ҳастӣ, ки падарат пеши халқ муҳтоҷ шавад.

Худованд бузургтарин ҳоҷати маро бароварда кардааст, ки маро то кунун назди дигарон муҳтоҷ накардааст.

Агар дар хонаи худ нишинӣ ва ҳоҷате аз халқ рафъ созӣ, басе судмандтар аз он аст, ки барои рафъи ҳоҷат сӯйи хонаи касе равон шавӣ.

Пас бидон фарзандам, ки барандаи ин озмуни илоҳӣ, падари туст.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya
2024/05/03 03:40:08
Back to Top
HTML Embed Code: