Telegram Web Link
Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест,
Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас осуда нест.
Дар замони нокасон осуда ҳам нокас бувад,
Нокасе натвон шудан гарчанд кас осуда нест.

#шоҳбайт
@donish_su
3-овардани ман набуд гардунро суд,
В-aз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман, аз баҳри чӣ буд?

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Кӯшиши ба дигарон монанд шуданро накунед. Тамоми инсонҳои муваффақ дар зиндагӣ ҳаракат мекунанд, то ба худашон монанд бошанд, на ба каси дигар. Шумо дар дунё мислу монанде надоред, ХУДАТОН БОШЕД.

#тавсияи_равоншинос #муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Мавзӯи 27. Мазмуни раванди таълим

Зермавзӯҳо:

1. Мафҳуми «мазмуни таҳсилот» (маълумот)
2. Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб

-------------

1.Мафҳуми «мазмуни таҳсилот» (маълумот)

Мафҳуми «мазмун» ифодаи мундариҷа ва мӯҳтавиётро дорад, ки он…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12871
Канали мо » @donish_su
Касоне, ки закот намепардозанд, чӣ ҷазое доранд?

# Савол

Касоне, ки закот намепардозанд, чӣ ҷазое доранд?

# Ҷавоб

Касоне, ки молашон ба…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3732
Канали мо » @donish_su
Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,
Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон — номи ман, парварда шираш коми ман,
Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

@donish_su
Нагузоред, ки гузашта ба имрӯзи Шумо таъсир расонад. Коре, ки шуд, шуд! Онро иваз карда намешавад. Имрӯзатонро андешед.

#тавсияи_равоншинос
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Мафҳуми «мазмуни таҳсилот» (маълумот)

Мафхуми «мазмуни таҳсилот» (маълумот)

-------------

Мафҳуми «мазмун» ифодаи мундариҷа ва мӯҳтавиётро дорад, ки он тамоми унсурҳои таркибӣ ва ҷиҳати асосии таҳсилоти муосирро фаро мегирад. Ин қоида чунин саволҳоро ба миён мегузорад: чаро…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12873
Канали мо » @donish_su
Агар пули закотро ба шахсе барои тиҷорат диҳад, ҷоиз аст?

# Савол

Агар пули закотро ба шахсе барои тиҷорат диҳад, ҷоиз аст?

# Ҷавоб

Агар…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3734
Канали мо » @donish_su
Бедор шав, дило, ки ҷаҳон ҷойи хоб нест,
Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест.
©️ Хусрави Деҳлавӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлӯ.
Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ.
Дидам ба сари кунгурааш фохтае
Биншаста ҳамегуфт, ки: «Ку? Ку? Ку? Ку?»

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Аз хато кардан натарсед! Ҳеҷ кас бехато нест. Ҳамин иштибоҳҳоянд, ки моро чизи наве меомӯзонанд. Аз он ки ба иштибоҳ дучор мешавед, наҳаросед.

#тавсияи_равоншинос #муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб

Хуччатхои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб. Накшаи таълими. Барномахои таълими. Китобхои дарси.

-------------

Меъёри мазмуни маълумоти мактаби муосирро се ҳуҷҷати асосӣ – нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ муайян мекунанд.…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12876
Канали мо » @donish_su
Аз моли шахси девона закот медиҳанд?

# Савол

Аз моли шахси ноқисулақл закот медиҳанд?

# Ҷавоб

Дар молу мулки шахси девона…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3736
Канали мо » @donish_su
Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос.

@donish_su
Зоғе бе доғе нест. Зиндагӣ ҳар қадар олитар дарду ҳасраташ ба ҳамон андоза бузургтар. Агар бозгаште будӣ ҳеҷ инсоне бо тариқи собиқаш намерафт.
_______

... инсон таҷрибапазир нест. Як хаторо ҳазор нафар такрор мекунад, вале панд намегирад. Ва ҳангоме ки умраш ба ҷое расид, аз тамоми кардаву гуфтааш пушаймон мешавад ва дар ҳасрати умри дигаре меуфтад то аздастдодашояшро ислоҳ намояд, вале ҳайҳот! Онгоҳ ба дигарон аз хатоҳои хеш панд медиҳад. Агар мардум пандпазир мебуд, аз замони Одам то ба ин дам Инсон фаришта мешуд. Вале афсӯс, ки то ба ҳол ғӯли биёбон боқӣ мондааст ...

Девори Хуросон
@donish_su
Ҳеҷ гоҳ барои хушбахт будан нафареро интизор нашавед. Ҳеҷ кас ғайр аз худатон ба Шумо хушбахтӣ намеорад. Зиндагии хушбахтонаро барои худ эҷод кунед ва баъд метавонед, онро бо касе тақсим намоед.

#тавсияи_равоншинос #муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Оё се ракъат витри воҷиб қазо хонда мешавад?

# Савол

Оё се ракъат витри воҷиб қазо хонда мешавад?

# Ҷавоб

Оре, агар намози…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3738
Канали мо » @donish_su
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
©️ Сино

#шоҳбайт
@donish_su
2024/05/23 23:33:45
Back to Top
HTML Embed Code: