Forwarded from ХУФАР САРМАНЗИЛИ БОБОИИ МАН
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM

Ғазали Иброҳими Наққош
Надорам роҳате дигар дар ин дайри гирифторон,
Анисам дарду ҳасрат, хуни дил аз чашмҳо борон.
Ғуруби офтоби умри ман наздику аммо ман
Азое ҳар замоне нав кунам аз рафтани ёрон.
Ҷаҳон бошад гузаргоҳи адам бар олами боқӣ,
Валекин ҷовидонӣ гашта дар пиндори дайёрон.
Маро буд қурратулайне, ҷавоне, духтари поке,
Миёни хайли нисвон ёдгоре аз ҳаёдорон.
Ба тооти Худо коҳил набуда аз салоту савм,
Ба хидмат волидонро низ будӣ аз вафодорон.
Гиромӣ шавҳараш буду ду тифли бегунаҳ бо ӯ,
Ки будаш зиндагонӣ бофароғат чун сабукборон.
Ба ногоҳе падид омад дар аъзои ӯ дарде,
Табибаш оҷиз афтод аз даво монанди беморон.
Биҷустам чор соли том ранҷашро шифо чандон,
Ки накшуд уқдаҳои мушкил аз дасти шифокорон.
Дар охир аз ҷаҳон бигзашту доғаш монд дар қалбам,
Фитодам дар чаҳи ҳиҷрони Бежан чун гунаҳгорон.
Надорад нолаам суду хурӯшам ҷуз зиён набвад,
Мабодо рӯзи маҳшар пеши Ҳақ оям чу тарророн.
Ризо ҳастем, ё Раб, бар қазои рафтаат аз ҷон,
Рақам созӣ Ту шояд номи моро бо накӯкорон.
Илоҳо, кун хафифаш пурсиши қабру ғами маҳшар,
Гаронӣ дар тарозу бахшу аҷри неккирдорон.
Бигардон соқие аз соқиёни Кавсарат, к-ӯро
Ниҳодам ном Кавсар, то бувад ӯ аз ҳаводорон.
Инони гуфтаҳо кардам ҳаволат бар Худо, Наққош,
Ки шояд ҷойи худ ёбам миёни хубгуфторон.
07.01.2022
@sugdion

Дунё гузарон асту ҳамин мемонад
На чодари афлоку замин мемонад,
На кашмакаши мухолифин мемонад.
Ҷуз некӣ макун ҳирфаи худ ёри азиз,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На бухлу ҳасуду кибру кин мемонад,
На шоддилу қалби ҳазин мемонад.
То ҷон ба рамақ дорӣ, маёзор касе,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На бори гуноҳи муҷримин мемонад,
На фисқу фасоди муфсидин мемонад.
Шаб то ба саҳар вазифа кун истиғфор,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На ёру бародари қарин мемонад,
На душману дӯст инчунин мемонад.
Ҳосил ҳама ҳеҷ аст ба ҷуз аз ихлос,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На мулку на қасру на макон мемонад,
На зинату зебу ҷовидон мемонад.
Мафребу марав ба роҳи нафси бадкеш,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На дилбарии дилбари Чин мемонад,
На ишваю нози нозанин мемонад.
Аз ишқи маҷозӣ ба ҳақиқат биштоб,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад...
Ориф Гулханӣ
На чодари афлоку замин мемонад,
На кашмакаши мухолифин мемонад.
Ҷуз некӣ макун ҳирфаи худ ёри азиз,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На бухлу ҳасуду кибру кин мемонад,
На шоддилу қалби ҳазин мемонад.
То ҷон ба рамақ дорӣ, маёзор касе,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На бори гуноҳи муҷримин мемонад,
На фисқу фасоди муфсидин мемонад.
Шаб то ба саҳар вазифа кун истиғфор,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На ёру бародари қарин мемонад,
На душману дӯст инчунин мемонад.
Ҳосил ҳама ҳеҷ аст ба ҷуз аз ихлос,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На мулку на қасру на макон мемонад,
На зинату зебу ҷовидон мемонад.
Мафребу марав ба роҳи нафси бадкеш,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад.
На дилбарии дилбари Чин мемонад,
На ишваю нози нозанин мемонад.
Аз ишқи маҷозӣ ба ҳақиқат биштоб,
Дунё гузарон асту ҳамин мемонад...
Ориф Гулханӣ
МАРСИЯ БА МОДАР
Модар, ту бирафтию асоят паси дар монд,
Бар додару бар хоҳари ман сӯзи ҷигар монд.
Баъд аз сари ту гашта тиҳӣ хону дари ман,
Андар паси дар оҳи ҷигарсӯзи падар монд.
Нолону ғамӣ гашта ҳама хешу азизон,
Бар дӯши ҳама доғу алам, дидаи тар монд.
Борида ба сар абри Худо қатраи раҳмат,
Чун ашки ғамам тори сарат марқади тар монд.
Дар рӯзи дуи рафтани ту аз бари дунё,
Дарбони вафодори дарат рафту асар монд.
Ду қӯша сафедори дари ҳавлии додар
Афтода сарозер аз он решаи тар монд.
Аз сӯзу ғами рафтани ту, модари ширин,
Ҳам яккатути ҳавлии додар зи самар монд.
Афсона ҳамегуфтӣ бароям дами тифлӣ,
З-он мурғи Ҳумо нола ба ҳангоми саҳар монд.
Андар паси дар оҳи ҷигарсӯзи падар монд,
Бар дӯши ҳама доғу алам, дидаи тар монд...
Афсари Сармад

БАЪДИ РАФТАНАТ
Зиндагӣ афсонаи хоб аст баъди рафтанат,
Дар лаби ман ханда ноёб аст баъди рафтанат.
Хоҳам аз дил шеър хезад пеши ту, эй беҳтарин,
Шеър ҳам маҳзуну бетоб аст баъди рафтанат.
Хотиротамро ба дасти абри пойиз додаам,
Абр ҳам ҳамсояи об аст баъди рафтанат.
Эй хаёли ту баҳору эй нигоҳи ту ғазал,
Дафтарамро ҳаҷри ту боб аст баъди рафтанат.
Роҳпойи интизорам кардаӣ худ бехабар,
Шоҳидам чашмони маҳтоб аст баъди рафтанат.
Ёри ман, бозову баҳрам як сабад шодӣ биёр,
К-ин дилам озурдаву об аст баъди рафтанат.
10.01.2018
Сапедаи Муҳаммад

#СаъдииШерозӣ
⏳Ба номи Худованди ҷаҳонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.
Худованди бахшандаи дастгир,
Карими хатобахши пузишпазир¹.
Азизе, ки ҳар к-аз дараш сар битофт,
Ба ҳар дар, ки шуд, ҳеҷ иззат наёфт!
Сари подшоҳони гарданфароз,
Ба даргоҳи Ӯ – бар замини ниёз.
На гарданкашонро бигирад ба фавр,
На узроваронро биронад ба ҷавр.
Агар бо падар ҷанг ҷӯяд касе,
Падар, бегумон, хашм гирад басе.
В-агар хеш розӣ набошад зи хеш,
Чу бегонагонаш биронад зи пеш.
В-агар банда чобук набошад ба кор,
Азизаш надорад Худовандгор.
В-агар бар рафиқон набошӣ шафиқ,
Ба фарсанг² бигрезад аз ту рафиқ.
В-агар тарки хидмат кунад лашкарӣ,
Шавад шоҳи лашкараш аз вай барӣ³.
Валекин Худованди болову паст,
Ба исён дари ризқ бар кас набаст.
Агар бар ҷафопеша биштофтӣ,
Кай аз дасти қаҳраш амон ёфтӣ.
Барӣ зоташ аз тӯҳмати ҷинну инс,
Ғанӣ мулкаш аз тоати ҷинну инс.
Парастори амраш ҳама чизу кас,
Банӣ одаму мурғу мӯру магас.
Якеро ба сар барниҳад тоҷи бахт,
Якеро ба хок андар орад зи тахт.
Гулистон кунад оташе бар Халил,
Гурӯҳе бар оташ барад зи оби Нил.
Паси парда бинад амалҳои бад,
Ҳам Ӯ парда пӯшад ба олои худ.
Ба таҳдид агар баркашад теғи ҳукм,
Бимонанд каррубиён⁴ сумму букм⁵
Фурӯмондагонро ба раҳмат қариб,
Тазаррӯъкунонро ба даъват муҷиб.
Бар аҳволи нобуда илмаш басир⁶,
Ба асрори ногуфта лутфаш хабир⁷.
Зи машриқ ба мағриб маҳу офтоб,
Равон карду бинҳод гетӣ бар об.
Диҳад нутфаро сурате чун парӣ,
Кӣ кардаст дар об суратгарӣ?
Бар Ӯ илми як зарра пӯшида нест,
Ки пайдову пинҳон ба наздаш якест.
Муҳайёкунии рӯзии мору мӯр,
Агарчанд бе дасту поянду зӯр.
Ба амраш вуҷуд аз адам нақш баст,
Кӣ донад ҷуз Ӯ кардан аз нест ҳаст?
Касе раҳ сӯи ганҷи Қорун набурд,
В-агар бурд, раҳ боз берун набурд.
Хилофи Паямбар (с) касе раҳ гузид,
Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Мапиндор, Саъдӣ, ки роҳи сафо,
Тавон рафт ҷуз дар паи Мустафо (с)!
¹Пузишпазир – узрқабулкунанда, бахшоянда
²Фарсанг – воҳиди масоҳат, ки наздик ба 6км аст
³Барӣ – дурӣ аз чизе, канора ҷустан
⁴Каррубиён – малоикаҳои муқарраб, фариштагон
⁵Сумму букм – кару гунг
⁶Басир – бино, бинанда
⁷Хабир – бисёр огоҳ ва хабардон

⏳Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр,
Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо (с) дар ҷаҳон намонд,
Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас, ки тавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.
¹Малоикаҳои саволу ҷавоб дар қабр
²Ҳар нафсе чашандаи марг аст (Оли Имрон;185)

Баски шаб то рӯз аз ғам гиряҳо дорад чароғ,
Аз забони шуъла арзи муддао дорад чароғ.
Ҳайрате дорам,ки доим нонаш андар равған аст,
Нолаву фарёд ҳар соат чаро дорад чароғ? !
Баҳри дафъи лашкари зулмат кунун шаб то саҳар,
Аз пари парвона аз оташ ливо дорад чароғ.
Дар муҳити оташи ғам киштии уммеди ӯ,
Кай ба ҷуз парвона фикри нохудо дорад чароғ?!
Туғрал, ин асрори махфӣ нек равшан шуд маро,
К-аш аз ин бетоқатӣ як муддао дорад чароғ.
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ.