Telegram Web Link
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав,
Бар даргаҳи Ҷаббор шав, эй дил, даме бедор шав!

Бо дил бигуфтам ҳар саҳар,
эй аз қиёмат бехабар,
Бархезу бар олам нигар, эй дил, даме бедор шав!

Бархез вақти субҳидам, дар роҳи масҷид мон қадам,
То шод бошӣ ту зи ғам, эй дил, даме бедор шав!

Бархезу кори худ бисоз, роҳат чу дур асту дароз,
Аз молу мулки худ маноз, эй дил, даме бедор шав!

Ин молу мулки ин ҷаҳон, судат надорад он замон,
Лек дармони ту ба ҷон, эй дил, даме бедор шав!

Чандин ҷавонони нозанин, рафтанд дар зери замин,
Бовар надорӣ рав бубин, эй дил, даме бедор шав!

Аз ту бимонад нолае, ояд яке бегонае,
Рафтӣ ту дар вайронае, эй дил, даме бедор шав!

Модар буду туро падар, онҳо бирафтанд пештар,
Ту ҳам хоҳӣ шуд бадар, эй дил, даме бедор шав!

Эй Шамси Табрезӣ туро, аз Ҳақ расида ин нидо,
Бар гӯши мардум кун садо, эй дил, даме бедор шав!

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Барои онхое, ки дар зиндагӣ
Падар гум кардаанд!!!

Дар ғами ту сина бирёнам падар,
То ба осмон мерасад оҳам падар.
Дар фироқат сухтаву бемор шудам,
Кош як бори дигар ойи падар.

Эй фалак ҳайфи падарҷонам куҷо,
Хурда хуну зору гирёнам падар.
Ногаҳон омад аҷал раҳме накард,
Чеҳраатро зери хок кард эй падар.

Ҳеч нагаштем сер зи дидори рухат,
Хонадон пазмони рухсорат падар.
Давра зебу, хуш забону, хуш мақом,
Нури чашму қиблагохам эй падар.

То наталби аз падар як каф дуо,
Дон,ки дигар бар намеояд падар.
Мекунад Гардун тиловат хар замон,
Рух шоду рози бош аз мо падар.
🟢🔴🟢
Сари гури ту биншастам гиристам,
Аламҳои дилам гуфтам гиристам.
Зи санги сарди болои мазорат,
Ба хуни дил ғазал гуфтам гиристам.
Падарҷонам падарҷонам падарҷон!

Падарҷонам ҷамолат ёд кардам,
Канори меҳрборат ёд кардам.
Ҳарон шому саҳар сӯзам бароят,
Навозишҳои покат ёд кардам.
Падарҷонам падарҷонам падарҷон!

Маро дар зиндагонӣ муттако нест,
Ба ҷуз меҳри ту бар қалбам даво нест.
Агар чи бар сарам савлат бирезад,
Бидуни ту ба мисли ман, гадо нест.
Падарҷонам падарҷонам падарҷон!

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Эй банда магӯ зи манманиҳо сухане,
К-аз моли ҷахон бувад насибат кафане. 
Дунёст хароб қаср бунёд макун,
Бо сарвати беадад дилат шод макун.
Ин дам, ки ту зиндаи ғами фардо хур,
Обод бикун бо ҳарфи Ҳак манзили худ. 
Руҳат зи танат ҷудо шавад вақти ниёз,
Дарёб ту қасри охиратро ба намоз.
Яъне, ки бикуш то шавад руҳи ту пок,
Покиза равад тани гарони ту ба хок.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Балои одамӣ бошад забонаш
Ки дар вай баста шуд суду зиёнаш.

Хамӯшӣ мояи мардони роҳ аст
Ки дар гуфтан басе шарру гуноҳ аст.

Марди хомӯш да амони Худост
Одамӣ аз забони худ дар балост.

В-агар гӯӣ, накӯ гӯй, эй бародар.
Кӣ некугӯй бо нафъ асту безар.

Сухан кам гӯву некӯ гӯй дар кор.
Ки аз бисёр гуфтан мард шуд хор

Ба хушрӯиву хушхӯй дар айём
Ҳамерав, то шавӣ хушдил саранҷом.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
🌹Эй башар аз чӣ гумон карди, ки дунё моли туст🌹

🌹Вар-на пиндорӣ, ки ҳар лаҳза аҷал думболи туст🌹

🌹Ҳар чӣ хӯрди, моли мӯру ҳар чӣ ҳасти моли гӯр🌹

🌹Ҳар чӣ дорӣ моли ворис, ҳар чӣ карди моли туст.🌹

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Неши каждум беҳтар аст аз заҳри дӯст
Дуст бар дил мезанад каждум ба пӯст
Таънаи душман агар дардовар аст,
Таънаи дӯстон бидон марговар аст.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
💖🍃Агар таркат намуд дусти каринат
Агар захр гашт рузгори ширинат
💖🍃Каноат кун ту бо нони чавинат
Машав гамгин Худо хочатбарор аст





💖🍃Агар бекадрию пеш пеши пои
Наефти пораи нон бар гадои
💖🍃Ба хар холат ту дустдори Худои
Машав гамгин Худо хочатбарор аст




💖🍃Агар бахри ту бинмудан хиенат
Агар гумкардае бошад маконат
💖🍃Таввакал кун ба Хак чонро амонат
Машав гамгин Худо хочатбарор аст

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Инсон ба се чиз ғурур мекунад:
1 Номи бузург.
2 Хонаи зебо.
3 Либоси зебо.
Аммо намедонад, ки баъд аз марг:
1 Номаш гум.
2 Хонааш қабр.
3 Либосаш кафан.
🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺
Бар чархи фалак маноз ки камар шикан аст.
Бар ранги либос маноз, ки охир кафан аст.
Мағрур машав, ки зиндаги чанд руз аст,
Дар зери замин шоҳу гадо як рақам аст!
🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Якеро дӯст гуфтам, душманӣ кард,
Якеро хуб гуфтам ман-манӣ кард,
Якеро оқилаш хондам чу инсон,
Дареғо мисли ҳайвон золимӣ кард.
Якеро фикр кардам дил сафед аст,
Дарахти сояафкан ҳамчу бед аст,
Надониста бигуфтам дусти ҷонӣ,
Дареғо, ки ба некиҳо бадӣ кард.
Якеро хондамаш ростгуй, росткор,
Бароям аз ҳама дусти вафодор,
Нафаҳмидам, ки будаст ӯ ҷафокор,
Чу рубоҳ ҳиллагар дуруягӣ кард.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
ЭЙ МУСУЛМОНОН НАДОНАМ ТО ЧӢ ДАВРОН ОМАДАСТ,
ИН ЧӢ БЕДОДИВУ БАДБАХТӢ БА ХАЛҚОН ОМАДАСТ.

ИН ЧӢ БЕДОДӢ, КИ ДАР ОЛАМ МУСТАВЛӢ ШУДАСТ,
АЗ БАРОИ ҶАБРУ ЗУЛМУ БОРИ ИСЁН ОМАДАСТ.

АВРАТОН БЕШАРМ ГАШТА КӮДАКОН БАС БЕАДАБ,
ЛОФУ КИЗБУ БЕҲАЁӢ,  КОРИ ЭШОН ОМАДАСТ.

ИЛМРО ҚАДРЕ НАМОНДА ОЛИМОНРО ҲУРМАТЕ,
ВАҚТИ ТАНБӮРУ РУБОБУ НОЮ АНБОН ОМАДАСТ.

ОЛИМЕ АЗ ДАР ДАРОЯД БО ҲАЗОРОН ИЛМУ ФАЗЛ,
ТАЪНАҲО СОЗАНД, КИ МУФЛИС АЗ ПАИ НОН ОМАДАСТ.

ЗОЛИМЕ АЗ ДАР ДАРОЯД БО ҲАЗОРОН ҶАБРУ ЗУЛМ,
ХОНА ОРОЯНД,  КИ Ў АЗ ПЕШИ СУЛТОН ОМАДАСТ.

ДАР ЗАМОНАШ НЕЪМАТУ МУРFИ КАБОБ ОРАНД ПЕШ,
КИ ФАЛОН ИБНИ ФАЛОН ИМРЎЗ МЕҲМОН ОМАДАСТ.

ОЛИМОНРО ХОР ДОРАНД ЗОЛИМОНРО БАС АЗИЗ,
ЛОҶАРАМ БАР ХАЛҚ МЕҲНАТ ҲАМЧУ БОРОН ОМАДАСТ.

ТУ САНОИРО БИОМӮРЗ, ЭЙ КАРИМ, АЗ ФАЗЛИ ХЕШ,
З-ОН КИ ИН ДУНЁ БАР Ў ВАЛЛОҲИ ЗИНДОН ОМАДАСТ.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Мо чуз ғами Ӯ ҳеҷ дигар кор надорем.
Мискину фақирем, ба кошонаи дунё,
Бо неку бади ҳеч кас кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи хаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мо масти аластем ба як ҷуръа чу Мансур,
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад, ор надорем.
Мо тутии фақрему шакархораи Мисрем,
Чу зоғи сияҳ майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулҳақи Табрез,
Мо худ ба ҷуз ин шева ва гуфтор надорем!

© Шамси Табрезӣ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
БИДОН ЭЙ ДӮСТ ҲАЁТ ФАРДО НАДОРАД.
БА ШАРТИ МО ФАЛАК ПАРВО НАДОРАД,
АГАР РӮЗЕ АҶАЛ ОЯД БА МЕҲМОНИ,
ПИРИЮ ҶАВОНИ ҲЕҶ МАЪНО НАДОРАД.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Баъди маргам санги қабрам қимати хоҳам чикор
Даста гулҳои қашангу зинати хоҳам чикор.
Хандаҳоядро ҳамин имрӯз мехоҳам биханд
Баъди маргам гиряву бетоқати хоҳам чикор

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
ХОҲАМ ЗИ ХУДО ХАСТАВУ ДАРМОНДА НАБОШИ,
МАҲБУБИ ХУДО БОШИВУ, ШАРМАНДА НАБОШИ.
ЭЙ ДӮСТ ИЛОҲӢ,КИ ДАР ИН ОЛАМ ҲАСТИ.
САРЗИНДА БИМОНИВУ, САРАФКАНДА НАБОШИ.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ба дунё омадӣ, найранги дунёро намедонӣ,
Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ.

Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом,
Зи бас дандони тези санги дарёро намедонӣ.

Чу тифли саҳлангоре зи гардун моҳи тобонро
Таманно дориву доғи таманноро намедонӣ.

Мукофоти амал меҷӯӣ ҳар ҷое, ки по монӣ,
Вале дар ҳар қадам марги муфоҷоро намедонӣ.

Ба боло мекашӣ ҳар дам таноби муддаои хеш,
Чӣ гӯям, пастии авранги болоро намедонӣ.

Аламбардори миллат метарошӣ хешро ҳар бор,
Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонӣ...

Таҷовузкории олам ба одам будаву боқист,
Ту заҳри одамони умрфарсоро намедонӣ...

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
АГАР ШАВҲАР ЗИ ЗАН ҒАМДИДА ГАРДАД.
ХУДОВАНД АЗ Ӯ ЗАН РАНҶИДА ГАРДАД ,
ХУДОВАНД МЕШАВАД ХУШНУД АЗ ОН ЗАН!
АГАР ШАВҲАР ЗИ ЗАН ХАНДИДА ГАРДАД.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ҳар кӣ дар ғам сабр кард, Айюб медонем мо,
Хӯ ба ҳиҷрон кардаро Яъқуб медонем мо,
Ошиқонро дар вафо мансуб медонем мо,
«Бевафоӣ шеваи маҳбуб медонем мо,
Нест хубонро вафое, хуб медонем мо!»

Кӯҳкан аз ёди Ширин монд сар дар кӯҳсор,
Фикри Лайлӣ дар биёбон кард Маҷнунро ғубор,
Ин масал бар сафҳаи даҳр аст аз эшон ёдгор,
«Ошиқонро ҳаст қуллоби муҳаббат зулфи ёр,
Ин кашиш аз ҷониби матлуб медонем мо».

То дамида бар узораш сабзаи мушки Хутан,
Боғбон аз сунбули тар сохт девори чаман,
Гар кунад даъвии мулк он Юсуфи гулпераҳан,
«З-он хати ошуфта хоҳад шаҳрҳо вайрон шудан,
Одати он моҳи шаҳрошӯб медонем мо»!

Сайидо, доман каш аз базми шароби гулрухон,
Бӯйи хун сар мезанад аз сунбули зулфи бутон,
Кандаанд ин нақш бар санги мазори куштагон,
«Хатти хубон номаи қатл аст баҳри ошиқон,
Осифӣ, мазмуни ин мактуб медонем мо» !
(Мухаммаси Сайидои Насафӣ бар ғазали Осифӣ)

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
2025/07/04 04:57:34
Back to Top
HTML Embed Code: