Telegram Web Link
Дил агар аз дуст монат хоҷати дидор нест,
Булбул аз гуфтор монат хоҷати гулзор нест,
Ҳеч кас дар ошиқи монанди ма бемор нест,
Сузише дар сина дорам хоҷати гуфтор нест

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
💧Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
🕯Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.

❤️Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
💞Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

🐫Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
🔮Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.

💎Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
❤️‍🔥Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.

🖤Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
🩶Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

💔Бо марди худо панҷа маяфкан чу Намруд,
❤️‍🔥Ин ҷисми Халил аст оташ заданӣ нест.

😅Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
🤣Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.

😡Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
😎Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.

👶Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
👩‍🦰Ғофил машав эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

ШамсиТабрезӣ

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро.
Агар Ҳофиз ту медидӣ ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекардӣ тамоми рӯи дунёро.
Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.
Агар бо чашми камбинаш ба сӯям як назар орад,
Фаромӯш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.
Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймонӣ,
Аз оне, ки бубахшидӣ Самарқанду Бухороро!

©Лоиқ Шералӣ.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ҳусни духтари тоҷик дар ҳақиқат Худодод аст

Барояш Лоиқ ки мебахшад тамоми рӯйи дунёро

Ҷамоли модари моҳо худододу бебаҳо аст

Барояш ки мебахшам тамоми зеби дунёро

Бахшидани ин шоирҳо бар форсу турк духтарон аст

Барояш Ҳофиз ки бахшад Самарқанду Бухороро

Ҷамоли модари моҳо Баҳорзору Чаманзор аст

Барояш Соиб бахшад Сару,дасту тану порро

Фаҳмиши модари моҳо иффатдону ҳаёдон аст

Барояш Шаҳриёр бахшад тамоми рӯҳу аъзоро

Ҷамоли модари моҳо мисли маҳтобӣ тобон аст

Барояш Лоиқ ки бахшад тамоми рӯйи дунёро


© Умедҷон Акрамзода

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Забонро дар даҳон некӯ нигаҳ дор .
Забон назди ғазабҳо мешавад мор,
Газад ногаҳ дили ранҷидаеро,
Кунад маҳзуну маҷруҳ бандаеро .

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Бисёр дилпазир аст як каф дуои пирон,
Садди ҳазор тир аст,як каф дуои пирон.

Таскини дарди ҷонат ҳам зуру ҳам тавонат
Бар тифл ҷуйи шир аст, як каф дуои пирон.

Аз бандҳо рахонад бар базмҳо расонад,
Озодии асир аст, як каф дуои пирон.

Мушкилкушои корат бахшандаи барорат,
Дорогии фақир аст, як каф дуои пирон.

Хамроҳ дар сафарҳо пирузи дар хатарҳо
Бисёр беназир аст, як каф дуои пирон

Нуру чароғи дилҳо фарру шукуҳи дунё
Волою ҳам кабир аст, як каф дуои пирон.

Фарҳод ИСОЗОД

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад ,
Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад....

Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат,
Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад.

Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро,
Ошнои ошноҳо аз ғам озодат кунад....

Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд ,
Меҳрубони хонайи дил, Меҳрубон ёдат кунад.

Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст,
Дар ду дунё Дӯсти ман, дӯст фарёдат кунад..

Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат,
Зикри номи хеш Худоям, хати авродат кунад.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Аз нигоҳат хор ҳам гул мешавад,
Аз нигоҳат гунг булбул мешавад.
Аз нигоҳат вожа вожа нуктаҳост.
Аз нигоҳат нукта вергул мешавад.

Ғайрати Панҷизод

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
😍Омад омади мохи Шарифи Рамазон ба хамаатон муборак бошад. Дар хонаи хар яки шумоён зангулаи бахт танинандоз бошад. Тану чонотон хамеша саломат бошад. Рузаи хар яки шумоён мустачоб гардад аз он чумла азони моён хам.💖

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Дӯст, аз пурсоният шодам, Худо шодат кунад ,
Ҳар куҷо дар кори нек, дасти имдодат кунад....

Ту ба як пурсиш диламро гарм кардӣ, оқибат,
Ман дуъо гӯям Худоро, хонаободат кунад.

Ман чӣ гӯям эй азиз, ошно гӯям туро,
Ошнои ошноҳо аз ғам озодат кунад....

Заррае гар ёди ман дар он дили гарми ту буд ,
Меҳрубони хонайи дил, Меҳрубон ёдат кунад.

Ту маро гар дӯст медорӣ, дуъо гӯям ба Дӯст,
Дар ду дунё Дӯсти ман, дӯст фарёдат кунад..

Эй, ки лафзи дӯстӣ дорӣ, муборак бошадат,
Зикри номи хеш Худоям, хати авродат кунад.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
ЭЙ РӮЗАДОР ЭЙ РӮЗАДОР РӮЗАТ БА ХАЙР ШОМАТ БА ХАЙР,

ЭЙ ОШИҚИ ПАРВАРДИГОР РӮЗАТ БА ХАЙР ШОМАТ БА ХАЙР.

АЗ ХИЗМАТИ ПАРВАРДИГОР ДУРАТ НАБИНАМ ЯК НАФАС,

ЭЙ УММАТИ БО НАНГУ ОР РӮЗАТ БА ХАЙР ШОМАТ БА ХАЙР.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Боғбон ғофил бимонад, хор пайдо мешавад,
Зери хор ҳатмӣ бидон, ки мор пайдо мешавад.
Хубии аз ҳад зиёд, асло надорад эътибор,
Об агар аз кӯҳ бирезад, ғор пайдо мешавад.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Ҳар ваъда, ки доданд ба мо боди ҳаво буд,
Ҳар нукта, ки гуфтанд, ғалат буду риё буд.

Чӯпонии ин галла ба гургон бисупурданд,
Ин шеваву ин қоидаҳо расми куҷо буд?

Риндон ба чаповул сари ин суфра нишастанд,
Инҳо ҳама аз ғафлату беҳолии мо буд!

Хӯрданду шикастанду дариданду таконданд,
Ҳар чиз дар ин хонаи бебаргу наво буд.

Гуфтанд, чунинему чунонем дареғо…
Инҳо ҳама лолоии хобондани мо буд!

Эй кош, дари дезии мо боз намемонд,
Ё кош, ки дар гурба каме шарму ҳаё буд.

Эраҷ Мирзо

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Оча доран дигарон оча надорм очачон - Бехтарин суруди точики

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Бар санги қабри ман бинависед, хаста буд,
Аҳли замин набуд, намозаш шикаста буд.
Бар санги қабри ман бинависед, шиша буд,
Танҳо аз ин назар, ки саропо шикаста буд.
Бар санги қабри ман бинависед, пок буд,
Чашмони у, ки доимо аз ашк шуста буд.
Бар санги қабри ман бинависед, ин дарахт,
Умре барои ҳар табару теша даста буд.
Бар санги қабри ман бинависед кулли умр,
Пушти даре, ки боз намешуд, нишаста буд...
(?)

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Зи пуштам мекунӣ ғайбат, туро гӯям саломат бош,
Насозам вақти худ сарфат, бирав аҳли адолат бош!

Хатокорам ту бишморӣ, вале аз худ хабар дорӣ?
Хатои мо чӣ меҷуйӣ, даме аҳли хиҷолат бош!

Маро танҳо Худо донад, ки суфӣ, ё гунаҳкорам,
Чӣ бинӣ суд з-ин корат, бирав аҳли саховат бош!

Ҷаҳону одамон бошанд, бар чашмат чу шоми тор,
Туро гӯям дилат тор аст, худро дар табобат бош!

Дар ин дурӯза дунёе, магар бурдӣ,  зи ёдат марг?
Худо тавфиқ бахшояд, бирав аҳли ибодат бош!...

Руъё.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
Рафта будам сӯи қабристони шаҳр,
Ҳар киро дидам саво хобида буд.
Дар канори якдигар резу дурушт,
Ҳар касе дар зери по хобида буд.
Хок бар сар буд дар гил ҳар касе,
Бе ғизову бе ҳаво хобида буд.
Дилбар аз ошиқ ҷудо хобида буд,
Ошиқ аз дилбар ҷудо хобида буд.
Паҳлавоне бо ҳама кӯполу ёл,
Бетавону иддао хобида буд.
Қулдуре, ки ҳаққи моро хӯрда буд,
Мурда бо нафрини мо хобида буд.
Он, ки ҷурме дод худро бо садо,
Зери санге бе садо хобида буд.
Ё фақире мурда буд аз гурснагӣ,
Дар канори ағниё хобида буд.
Сӯхтам вақте, ки дидам тоҷире,
Дар канори як гадо хобида буд.
Золиму мазлум ҳама дар як радиф,
Раъяте бо кадхудо хобида буд.
Зӯр мезад он, ки умре дар маош,
Сокиту беиштиҳо хобида буд.
Дӯст бо душман ҳама дар зери хок,
Бо ғарибе ошно хобида буд.
Ҳокиме ки амр доим менамуд,
Зери гил беэътино хобида буд.
Духтаре, ки аз ҳама дил мерабуд,
Дар канори мӯрҳо хобида буд.
Он, ки умре ҳаққу ноҳақ мегирифт,
Беришваву молу рибо хобида буд.
Сориқе, ки моли мардум мерабуд,
Дасти холӣ дар азо хобида буд.
Пас ду дасте бар сари худ кӯфтам,
Чунки дидам ҳар киро хобида буд.

𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
2025/07/03 12:06:08
Back to Top
HTML Embed Code: