Telegram Web Link
Forwarded from ОВОЗИ ТОҶИК
ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО

Дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ҷашни мавлуди чаҳор адиби тоҷик Бекназар Тӯйназар, Паймон (Тӯхтамиш Давлатзод), Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар баргузор гардид.

Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/15514

Telegram | Facebook | Шабака | YouTube | Барои муроҷиат
"БО САДОҚАТ ЗИНДАГОНӢ БЕҲТАР АСТ"

Таҳти ин шиор дар китобхонаи марказии вилояти Самарқанд бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи "Овози Самарқанд" ҷашни 75-солагии узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” нависандаи бомаҳорат Тошқул АЗИМЗОДА баргузор шуда истодааст.

Тошқул Азимзода яке аз рӯзноманигорони сермаҳсул аст, ки зиёда аз се даҳсола инҷониб бо мақолаҳои худ миёни мардуми Самарқанд соҳибобрӯ гаштааст.
Солҳои зиёде ҳаёти худро ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” пайваста, дар бораи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии вилоят ва таърихи гузару маҳаллаҳо мақолаҳои пурмӯҳтаво навист. Чандин маротиба ба “Ифтихорнома”-и ҳокими шаҳру вилоят ва Оҷонсии матбуоту ахбори Ҷумҳурияти Ӯзбекистон сазовор гаштааст.
Дар баробари ин ҳикояҳои зиёди ё манзури адабиётдӯстон гашта, дар маҷмӯаи “Хатои нисбӣ” чоп шудааст. Дар арафаи ҷашни 75- солагии Тошқул Азимзода бо ташаббуси таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” маҷмӯаи дуюми нависанда бо номи “Ҳикмати дидор” рӯи чопро дид.

Рӯзноманигори ботиҷриба ва нависандаи дурандеш Тошқул Азимзодаро бо ҷашни 75-солагии зодрӯз ва китоби тозанашр муборакбод намуда, барояшон тандурустию ҷӯши илҳом таманно дорем.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи адабию илмӣ
ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ”.


👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
УЗВИ НАВИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Нависандаи чирадаст, муаллифи китобҳои "Бори дил" ва "Дар кӯчаҳои шаҳр" устод Бекназари ТӮЙНАЗАР ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуд. Ин комёбиро ба эшон ва мухлисони адабиёти тоҷики Ӯзбекистон муборакбод мегӯем.

Шӯрои адабиёти тоҷик

https://www.tg-me.com/adabiyotitojik_uz
САФИ АЪЗОИ ИТТИФОҚ МЕАФЗОЯД

Се нафар адиби тоҷики Ӯзбекистон - нависандаи баркамол, устод Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ, Саодат САНГИНОВА ва Илҳоми НАСАФӢ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Ин комёбӣ ба адибони номбурда муборак бод!
Дӯстии адабӣ заминагузори дӯстии абадӣ хоҳад шуд.

Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон

https://www.tg-me.com/adabiyotitojik_uz
#ТАБРИК

Муборак, иду айёми ниёгон,
Муборак, чеҳраҳои шоду хандон.
Намозу ҳам дуои мо қабулаш,
Муборак бар Шумо ин иди Қурбон!

Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад!

Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода.

https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад.

Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.

Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ
#Туҳфаи_нашриёт

"НАВИШТАМ, ҲАР ЧӢ ВИҶДОНАМ БИФАРМУД"

Дар арафаи ҷашни 55-умин солгарди узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳонгии “Дурдонаи Шарқ” Асадуллоҳ Исмоилзода китоби “НАВИШТАМ, ҲАР ЧӢ ВИҶДОНАМ БИФАРМУД" нашр гардид.

Бо ташаббусу дастгирӣ ва пешгуфтори доктори фалсафа доир ба илмҳои филология Дилрабо Назарова пешгуфторҳои солҳои гуногун ба асарҳои навқаламон ва эҷодкорон навиштаи Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) гирдоварӣ ва дар китоби алоҳида чоп шуд. Ин навиштаҳо байни солҳои 1992 то соли 2024 дар матбуоти даврӣ ва китобҳо рӯйи чопро дидаанд. Дар охири ҳар мақола номи рӯзнома, маҷалла ё китоб ва соли чопи онҳо илова шудаанд. Дар ҳар навиштаи Асадуллоҳ Исмоилзода мавзӯи доғи рӯз ҳис мешавад. Дар баробари баҳо додан ба маҳорати эҷодии шоир, нависанда ё тарҷумон нозукиҳои тарзи баёни ӯро таъкид мекунад. Ба навқаламон тавсияҳо медиҳад. Гӯё ҳар як пешгуфтори ба ин ё он китоб навиштаи А. Исмоилзода муаррификунандаи эҷодкорест, ки бо тозаасари худ ба майдони адабиёт қадам мегузорад. Инчунин муаммоҳои рӯзро ҳам бебокона баён намуда, барои равнақи адабиёт ва аз байн бурдани муаммо ва нуқсонҳо маслиҳат ҳам медиҳад.
Китоб барои эҷодкорони ҷавон ва пажӯҳишгарон муфид аст.

Асалой Сархатзода

https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
ТАЪЗИЯ

Шоири ҳаҷвнигор ва инсони фурӯтану беғубор Саидумари РАҲИМЗОДА дар авҷи камолоти эҷодӣ бо зиндагӣ падруд гуфт. Ба наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳем. Худованд рӯҳашро ғариқи раҳмат гардонад. Ёди шоир гиромӣ бод!

Аъзои Шӯрои адабиёти тоҷик


https://www.tg-me.com/adabiyotitojik_uz
2025/07/05 15:40:54
Back to Top
HTML Embed Code: