Telegram Web Link
Forwarded from ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ (Asadullo Shukurov)
​​🔹 Ба истиқболи зодрӯзи Лоиқ Шералӣ

ЗАМОНЕ ДАР ЗАМИН ЯК ЛОИҚЕ БУД

Рӯзе равам аз дунё дунёи маро ёбед,
Дар хок шавам пинҳон пайдои маро ёбед.

Аз рӯзгори куҳан одат шудааст, оламиён шаҳру кишварҳоро аз рӯйи ҳунари фарзандони фарзонаашон мешиносанд ва қадр мекунанд. Аз рӯи он ҳунаре, ки дар боғи тамаддуни адабиёт аъҷубаҳое ато карда рафтаанд нодиру нотакроранд. Дар қатори онҳо номи фарзанди Фарзонаи миллат, устоди сухан, шоири дӯстдоштаи ҳама Лоиқ Шералиро ба забон мегирем. Устод Лоиқ ба адабиёти навини тоҷик ба воситаи ашъори шаккарини худ як боғистонеро барпо кард, ки он хушкношуданист. Аз рӯйи гуфти олимон, шоирон, мунаққидон, файласуфон, адабиётшиносон ва хулоса кормандони илму адаб Лоиқ ба адабиёт бо шеъри нав, гуфтори нав, орзуву омоли нав дохил шуда дарду алам, шодиву сурур, умеду ормон, меҳру муҳаббат, садоқат, васфи ёру диёр, ватану модар, қадру қиммати инсонӣ, содиқ будан ба Ватани азиз ва амсоли инҳоро чунон ҳам моҳирона, шоирона ба риштаи назм кашид, ки шеърҳои ӯ дар маҳфилу машваратҳо, тую маросимҳо дар замзамаи мардум ҷо гирифт. Шеъри Лоиқ дарди дили халқ гардид.Ошиқон дарду алами ишқу ошиқиро, ватангумкардагон-дарду алами ватанро, модаргумкардагон-дарду алами модарро, забонгумкардагон-қадру қиммати забонро аз шеърҳои устод Лоиқ дарёфт мекунанд.
Ашъори Лоиқ аз ҷиҳати нигориш содда буда, чунон ҳам калима ва иборотҳоро устокорона ба қалам додааст, ки инсон ангушти ҳайрат мегазад вале аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа, ғоя ва шакл бой мебошад.Устод Лоиқ дар ҳама намуди назм қаламкашӣ кард ва устоди он гардид. Дубайтии устод гувоҳи гуфтаҳои мост:

Ба саҳро бингарам гул сархамида,
Ба дарё бингарам мавҷи рамида.
Ба худ гуфтам чаро охир чаро ман,
Дар ин дунёяму дунё надида.

Ҳа, Лоиқ шоире буд дилҷӯ, хоксору дақиқназар. Мехост зиндагии хуб гузаронад ва дар радифи ин ҳамаи одамонро дар назар дошт.Устод Лоиқ гуфта буд:
– Ман зиндагиро дӯст медорам вале ӯ маро на. Албатта, чунин шуд, рӯзе расиду риштаи умри ин суханвари номӣ канда гардиду аз байни аҳли башар дур шуд аммо номи ӯ, ашъори ҳамешабаҳораш дур нахоҳад шуд, ки худи устод Лоиқ гуфтааст:

Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд,
Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд.
Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд,
Замоне дар замин як Лоиқе буд.

✍️ М. МАҲМАДИЕВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

@tjmetodist
👤 @Asadullo1970
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://www.tg-me.com/joinchat-AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
Audio
📝 ЛАҲЗАИ ФАРОҒАТ
________

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд...
©️ Лоиқ Шералӣ

Дар қироати андалеби Бохтарзамин САОДАТ САНГИНОВА

@tjmetodist
👤 @Asadullo1970
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://www.tg-me.com/joinchat-AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
ЭҲТИРОМ БА ЛОИҚ

Имрӯз дар аксари мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикии Ӯзбекистон ҷашни зодрӯзи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардид.

Лавҳаҳо аз ҷараёни тадбир дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Сариосиё.

https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
ОЗМУНИ "ЛОИҚХОНӢ"

Дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сариосиё бо ташаббус ва сарпарастии як гурӯҳ омӯгорону адабиётдӯстон дар ҷашни зодрӯзи шоир таҳти шиори “Ман баъди ҳазор сол меоям боз” озмуни “Лоиқхонӣ” ҷамъбаст гардид.

Озмун дар байни синфҳои 1-9 баргузор шуда барои қироъати шеъри беҳтарини Лоиқ  донишомӯзон бо мукофотҳои пулию хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим гардонида шуданд.
Дар озмун меҳмонҳои ифтихорӣ Абдуҷаббор Фаттоев, Нурмуҳаммад Ҳамидов ва устоди Донишгоҳи педагогии Деҳнав Саидмурод Ҳаев иштирок доштанд ва ғолибонро сарфароз гардониданд.

🏆 Сарпарастони озмун : Афзуни Нурмуҳаммад, Зафар Ашрапов ва Рустам Ҳамидов буданд.

Ташкилкунандагони озмун Бахтиёр Фаттоев, Фароғат Исматова, Зуҳуриддин Муслиддинов барои пурмазмун гузаштани тадбир саҳми муносиб гузоштанд.

👇 Бо мо бошед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Шеъри "Солҳои мактабӣ"- и Асадуллоҳ Исмоилзода дар иҷрои омӯзгорон ва шогирдони мактаби рақами 12- уми ноҳияи Сариосиё бо роҳбарии Комилҷон Қобилов ва Дилором Саидова.

СОЛҲОИ МАКТАБӢ

Солҳои шодмонӣ бо ту буд,
Қиссаҳою қиссахонӣ бо ту буд.
Мо савод омӯхтем аз даргаҳат,
Розҳои навҷавонӣ бо ту буд.
Мактабам, эй мактабам, эй мактабам,
Рӯшанибахшои ҳар рӯзу шабам!

Аввалин устоди бар мо раҳнамо,
Лаҳзаҳои сар кашидан бар само.
Солҳои беҳтарини кӯдакӣ,
Давраҳои беғубори умри мо.
Мактабам, эй мактабам, эй мактабам,
Рӯшанибахшои ҳар рӯзу шабам!

Бозиҳои кӯдакию беғамӣ,
Ҳамраҳию ҳамдилию ҳамдамӣ.
Хонда дарси одаму одамгарӣ,
То бимонад пок насли одамӣ!
Мактабам, эй мактабам, эй мактабам,
Рӯшанибахшои ҳар рӯзу шабам!

Ҳамсабақ, ҳаммактабу устоди ман,
Рӯзҳои беҳтарину шоди ман,
Токи ҳастам кай фаромӯшат кунам,
Даргаҳи умеду истеъдоди ман.
Мактабам, эй мактабам, эй мактабам,
Рӯшанибахшои ҳар рӯзу шабам!

✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
Хатмкардаи ҳамин мактаб дар соли 1987.


https://www.tg-me.com/DURDONAI_SHARQ
2025/07/05 07:00:43
Back to Top
HTML Embed Code: