Telegram Web Link
Маънӣ он бошад, ки бистонад туро,
Бениёз аз нақш гардонад туро.
Маънӣ он набвад, ки кӯру кар кунад,
Мардро бар нақш ошиқтар кунад.


Мавлоно

Ёфтани маънои зиндагӣ, инсонро аз чанги маниятҳои худ озод ва ӯро аз ҷилвагарӣ бениёз месозад. Ончи майл ба худнамоиро афзун кунад, одамиро аз дарки ҳақиқатҳо ва расидан ба маъонӣ боз медорад.

#маснавӣ
Сабаби асосии фишорбаландии баъзеҳо ин пешрафти сатҳи зиндагии ҳамсоя будааст)
Ба дурустӣ, барои мардони хайротдиҳанда ва занони хайротдиҳанда ва (онҳое, ки) Худоро ба якбора қарзи некӯ медиҳанд, барояшон дучанд [подош] дода мешавад ва онҳоро музди гиромиқадр аст.

📖 Ҳадид - 57
Зане ба шавҳараш паём равон мекунад: Азизам, вақтеки меоӣ, аз мағозаи сари роҳ мева бихар, дар зимн Лайло саломат гуфт.
Шафҳар: Лайло кист?
Зан бо ханда: Ҳеҷ кас, мехостам мутмаин шавам, ки паёмамро хондаӣ.
Мард: Охир ман ҳамин ҳоло бо Лайло ҳастам ва мехостам бидонам, ки ту ӯро аз куҷо мешиносӣ?
Зан: Чи? Ҳоло куҷоӣ?
Мард: Ҳамроҳи Лайло дар мағозаи сари роҳ.
Баъди чанд лаҳза зан ба шавҳараш занг зада мегуяд: Ман ҳамин ҳоло ба мағоза омада расидам, аммо ту ва он аҷинаат куҷоед?
Мард бо ханда: Ман дар ҷои кор ҳастам. Ҳолоки ту дар мағоза ҳастӣ, мева харида бибар. )))

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya
Аз хубии одамҳо барои худ девор бисоз... Ва агар боре дар ҳақат кӯтоҳӣ карданд, фақат як хишт аз девор бардор. Авҷи намакношиносӣ аст, ки деворро аз байн бубарӣ.

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya 🕊
Профессор Анри Корбен файласуф ва исломшиноси фаронсавӣ мегуяд: "Агар андешаи Муҳаммад (с) хурофотӣ буд ва агар Қуръони Ӯ ваҳи илоҳӣ набуд, ҳаргиз ҷуръат намекард башарро ба илм даъват кунад. Ҳеҷ башаре ва ҳеҷ тарзи фикре ба андозаи Муҳаммад (с) ва Қуръон ба дониш даъват накардааст. Дар Қуръон 950 бор аз илм ва фикр ва ақл сухан ба миён омадааст".

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Субҳ ба хайр!
Шукргузорӣ...

Дар оғози рӯз шукргузорӣ кардан барои чизҳои хурду бузург натиҷаи олӣ дар пай дорад ва дарҳои неъмат, баракат ва раҳмати Худовандро бароятон мекушояд.
Вақте чашм боз мекунед, шокир бошед, ки тулӯи субҳро дидед.
Барои рахти хоби гарматон сипосгузор бошед,
Барои хонаводаатон, ки каноратон ҳастанд,
Барои мисвок задан, субҳона хӯрдан, варзиш каодан...
Барои ҳама чизе, ки дар оғози рӯз бо он сарукор доред.
Ин гуна эҳсосатон олӣ мешавад ва дар тӯли рӯз шоду пурэнержӣ хоҳед буд.

#шукргузорӣ
Чунки ғам бинӣ, ту истиғфор кун,
Ғам ба амри Холиқ омад, кор кун.
Чун бихоҳад, айни ғам шодӣ шавад,
Айни банди пой, озодӣ шавад.


— Мавлоно

Вақте қалбат ба андӯҳ дучор омад, талаби мағфират кун, ки талаби мағфират, фишори ғаму андӯҳро мекоҳад, зеро ғам ба фармони Офаридгор фаъолият мекунад ва Худованд қодир аст, ки онро аз саҳфаи дили одамӣ пок кунад.
Агар Худованд бихоҳад, зоти ғам ба шодӣ табдил меёбад ва зоти пойбанд, мӯҷиби озодии шахс мегардад.

#маснавӣ
Гардани хар гиру сӯйи роҳ каш,
Сӯйи раҳбонону раҳдонони х(в)аш.
Ҳин, маҳил харрову даст аз вай мадор,
З-он ки ишқи ӯст сӯйи сабзазор.


— Мавлоно

Мабодо нафси саркашро маҷол диҳӣ, ки туро аз роҳи доноён ва воростагон дур намояд. Аз нафси худ ғофил машав. Нафс, ошиқи матоъи ҷилодор ва рангӣ аст, ки туро аз роҳи мустақим боз медорад ва ба ҳошияҳои масир машғул мекунад.

#маснавӣ
Оташ Иброҳимро дандон назад,
Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад? З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин, Боқиёнро бурда то қаъри замин.


— Мавлоно

Оташи намрудиён ба Иброҳим (алайҳиссалом) ҳеҷ осебе назад, зеро ӯ, баргузида ва мақбули даргоҳи Ҳазрати Ҳақ буд. Оташ чи гуна метавонист ба ӯ зиён ворид кунад?
  Аҳли ҳақиқии дин низ ҳеҷгоҳ аз оташи шаҳват намесузанд, дар ҳоле, ки ҳамон оташ, ғайри аҳли имонро ба жарфои замин фурӯ барад. Яъне пасту залилашон кунад.

#маснавӣ
Барои чи сураи Юсуфро أحسن القصص яъне: "Беҳтарин достон" мегӯянд?
Зеро сураи Юсуф ба мо меомӯзад, ки:

• Зиндонӣ, озод хоҳад шуд
• Бемор, шифо хоҳад ёфт
• Гумшуда, боз хоҳад гашт
• Нобино, бино хоҳад шуд
• Ғамгин, шод хоҳад шуд
• Дарду ранҷ, аз байн хоҳад рафт...

Пас озмоиш ва ибтилое, ки мӯъмин мебинад ва ба он сабр мекунад, саросар хайр аст.
Дар кул шароит ва ба як ҳолат боқӣ нахоҳад монд. Пас ноумед нашавем ва ба Худо таваккал кунем.

Субҳ ба хайр!
Дар сураи Марям ояҳои 71 - 72 Худованди мутаол фармудааст:

"Тамоми одамҳо вориди дӯзах мешаванд ва сипас парҳезгорон наҷот пайдо мекунанд ва ситамгорон онҷо аз пой меафтанд".

Мавлоно низ дар дафтари дуюми Маснавӣ таъбири зебое аз ин ояҳо дорад:

Мӯъминон дар ҳашр гӯянд: «Эй малак!
Не ки дӯзах буд роҳи муштарак?
Мӯъмину кофир бар ӯ ёбад гузор,
Мо надидем андар ин раҳ дуду нор.
Нак биҳишту боргоҳи эманӣ,
Пас куҷо буд он гузаргоҳи данӣ?»
Пас малак гӯяд, ки он равзай хузар,
Ки фалон ҷо дидаед андар гузар,
Дӯзах он буду сиёсатгоҳи сахт,
Бар шумо шуд боғу бустону дарахт.

Онон, ки имон ва эътиқоди қавӣ доранд, вақте ба соҳили амни биҳишт мерасанд, савол мекунанд: "Дӯзахе, ки қарор буд аз он мегузаштем, куҷост? Мо онро надидем."
Ба онҳо гуфта мешавад: "Ҳамон боғу бӯстоне, ки аз он гузаштед, дӯзах буд, аммо дар назари шумо, боғу бӯстон меомад.

Агар сахтиҳо ва мушкилот, ки барои хелеҳо ҷаҳаннам ба назар расад, дар нигоҳи он ки ҳадафманд зиндагӣ мекунад, ҳаммонанди боғу бустон ва ҷузъе аз масири зебои биҳишт аст.
Дар ҳар ҳолате, ба тааҳҳуди худ амал кунед

Рӯзе, хонаводаи сангпуштҳо тасмим гирифтанд, ки ба гардиш ё худ пикник бираванд. Аз оне, ки сангпуштҳо табиатан дар ҳама ҳолат оҳиста амал мекунанд, ҳафт сол тӯл кашид, то ба сафар омода шаванд.
Дар ниҳоят онҳо хонаро барои пайдо кардани ҷои муносибе барои тафреҳ, тарк карданд.
Дар соли дуюми сафарашон билохира ҷои муносиб пайдо шуд. Ҳудуди шаш моҳ муҳитро тоза карданд, дастархонро паҳн намуданд ва сабади хӯрданиҳояшонро кушоданд.
Ва чун хӯришҳоро гузоштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки намакро фаромӯш кардаанд.
Пикник бидуни намак як фоҷеа хоҳад буд ва ҳамаи онҳо инро хуб дарк мекарданд.
Баъд аз як баҳси тӯлонӣ, ҷавонтарин узви хонаводаро барои рафта аз хона намак овардан, интихоб карданд.
Сангпушти хурдакак норозӣ буд, фарёд мезад, сари худро даруну берун мекард, аммо ба ҳар ҳол, ӯ чолоктарин узви хонавода буд.
Ӯ гуфт, ки танҳо ба як шарт рафта намак меорад. Шарт ин буд: То омаданаш, ҳеҷ як узви хонавода, чизе нахӯранд.
Хонавода қабул карданд ва сангпушти хурдакак ба роҳ баромад. Се сол гузашт ва ӯ бар нагашт. Панҷ ва шаш сол гузашт... Дар соли ҳафтуми набудани ӯ, пиртарин сангпушти оила, дигар наметавонист ба гуруснагӣ идома диҳад. Ӯ элон кард, ки қасд дорад чизе бихӯрад ва шурӯъ ба хӯрдан намуд.
Дар ҳамин ҳангом, сангпушти хурдакак фарёдкунон аз пушти дарахте намоён шуд ва гуфт: Дидед, медонистам, ки мунтазир намнмонед. Акнун ман ҳам барои овардани намак намеравам. ))

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
www.tg-me.com/azharzoveya
2024/05/21 02:01:05
Back to Top
HTML Embed Code: