Эй қалам, эй аз дилам огаҳ,
Бо ҳавои сина созиш кун.
Хотири хаставу малуламро,
Ҳарфи нав овар, навозиш кун.
Гарчӣ бо по натонӣ истодан,
Издиҳоме ба пой хезонӣ.
Қудратат он бувад, ки бедасте,
Дастҳоро тавонӣ афшонӣ.
Ёд орам, ману ту бо ҳикмат,
Номаҳое ба ёр бинвиштем.
Дар дили он баҳори аз ман дур,
Донаҳои умед мекиштем.
Боз имшаб ману ту якҷоем,
Шоҳиди мову ту варақ бошад.
Аз Худо- он муаллими аслӣ,
Шояд ин ҳам як сабақ бошад?
Эй қалам, эй нозбардорам,
Ҳарфи хоми дили маро бахшо.
Гар нахоҳӣ раҳи варо бастан,
Роҳи ҳарфи нави маро бикшо.
Осими Оқил
Бо ҳавои сина созиш кун.
Хотири хаставу малуламро,
Ҳарфи нав овар, навозиш кун.
Гарчӣ бо по натонӣ истодан,
Издиҳоме ба пой хезонӣ.
Қудратат он бувад, ки бедасте,
Дастҳоро тавонӣ афшонӣ.
Ёд орам, ману ту бо ҳикмат,
Номаҳое ба ёр бинвиштем.
Дар дили он баҳори аз ман дур,
Донаҳои умед мекиштем.
Боз имшаб ману ту якҷоем,
Шоҳиди мову ту варақ бошад.
Аз Худо- он муаллими аслӣ,
Шояд ин ҳам як сабақ бошад?
Эй қалам, эй нозбардорам,
Ҳарфи хоми дили маро бахшо.
Гар нахоҳӣ раҳи варо бастан,
Роҳи ҳарфи нави маро бикшо.
Осими Оқил
Аз куҷо дониста будам, к-инқадар озор маро?
Дар раҳи ҳамвортарин ҳам гарду сангу хор маро?
Менамоям нӯш ман аз бодаи талхи ҳаёт,
Гарчи пиндорад касе майхораву хуммор маро.
Қалби чок дарбеҳ кунам бо ашки хунбори нигоҳ,
Лоилоҷам, чун насиб аст маҳбуби ғаддор маро.
Барда гаштам бар фиребу хандаҳояш, войи ман,
Чун дар аслаш зиндагиям ҷобиру ҷаббор маро.
Кӯҳҳои сарбаланд садпора мегаштанд магар,
Офаридгорам намебахшид ғами бисёр маро?
Сӯхтам, бишкастаму бори дигар эҳё шудам,
Гарчи андӯҳи зиёд буд андар ин рӯзгор маро.
Чун сипар дорам зи Яздонам ба тан, бишкаста бод
Ҳар ситам, к-ояд зи сӯи нокаси мурдор маро.
Тай кунам шоҳроҳи худро бо сару қадди баланд,
Гар бияфтонад зи пой ҳам душманам сад бор маро!
07.10.2021 сол. Соати 11:55. Шаҳри Тула.
Нилуфар

"Дигар биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан"
Shahyod Nizomova
Имшаб биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан,
Шоми сиёҳи ҳавсалаҳоро ба ҳам бизан.
Як бор ханда кун ту ба чашмони нозукат,
Эй хуби ман, ту валвалаҳоро ба ҳам бизан.
Бар он дурахши рӯйи Худовандият қасам,
Ҷонам бигиру он гилаҳоро ба ҳам бизан.
Дурӣ намо ба кулбаи танҳоии худат,
Озод бошу силсилаҳоро ба ҳам бизан.
Дилгир мешавам, ки зи ман дур мешавӣ,
Маъшуқи ман, муомилаҳоро ба ҳам бизан.
Бо ёди ту ҳавои туро ёд мекунам,
Имшаб биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан.
ОДИНАМУҲАММАДИ СӮФӢ
Дигар биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан,
Қаҳри замину ашки саморо ба ҳам бизан.
Лабханд бахш лаҳзаи дидор бар манат,
Эй бовар, эй умед, ҷафоро ба ҳам бизан.
Як зиндагию ҳар ду ҷаҳонам туӣ дигар,
Дар ёди кас мабош, хаторо ба ҳам бизан.
Қисматнавис қиссаи зебо навиштааст,
Ҳар кас, ки хост дурии моро, ба ҳам бизан.
Бигзор, то ки ханда шавад шеърҳои ман,
Дигар биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан.
ШАҲЁД ШАРИПОВА

Дустон, аз якдигар душмантарошӣ то ба кай,
Рӯ ба рӯ хандида аз пас дилхарошӣ то ба кай?
Зиндагӣ аз дасти гирудоратон дилгир шуд,
Шаккареро хурда ҷояш заҳрпошӣ то ба кай?
Дӯсти ҷонӣ фақат дар шеъри Саъдӣ мондааст,
Аҳду паймонҳо ҳама нониву ошӣ то ба кай?
Дӯстдорон баски аз чашми фалак афтодаанд,
Бар сари даври фалак ноҳақталошӣ то ба кай?
Дар китобу дафтари илму амалҳои замон,
Номи арбоби ҳунар андар ҳавошӣ то ба кай?
Озарахшо, дар дилу дар дидаи аҳли назар,
Меҳрҳоро кушта- кушта ,,зиндабошӣ,, то ба кай?!

𝐇𝐈𝐊𝐌𝐀𝐓𝐈 𝐑𝐔𝐙
Замоне шуд, замони пулпарастӣ,
Баландпарвозиҳо, дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату, мардум ҳама сер,
Вале идроки мо, дар ҳоли пастӣ,
Куҷо шуд? эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хештан, ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре, аз хоҳари худ,
Куҷо шуд? нуқтаи нек аз назарҳо,
Аҷоиб як замон омад, сари мо.
Ки рафт инсонгарӣ, аз минбари мо,
Кунун шогирде мегӯяд, ба устод.
Фаро аз минбару, биншин бари мо,
Замоне буд, ки одоб нархи хуб дошт,
Арӯсе гирди ҳавлӣ, руфту рӯб дошт.
Писар то, ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона, як-ду чӯб дошт.
Падар акнун, чунин савдо надорад,
Ба ҷуз пул, ӯ дигар ғавғо надорад,
Писар овораи бозии телефон,
Падар бошад, ба ин парво надорад.
??
Замоне шуд, замони пулпарастӣ,
Баландпарвозиҳо, дар ҳоли мастӣ.
Фаровон неъмату, мардум ҳама сер,
Вале идроки мо, дар ҳоли пастӣ,
Куҷо шуд? эҳтироми якдигарҳо?
Суроғи хештан, ҷону ҷигарҳо.
Ҷудо шуд додаре, аз хоҳари худ,
Куҷо шуд? нуқтаи нек аз назарҳо,
Аҷоиб як замон омад, сари мо.
Ки рафт инсонгарӣ, аз минбари мо,
Кунун шогирде мегӯяд, ба устод.
Фаро аз минбару, биншин бари мо,
Замоне буд, ки одоб нархи хуб дошт,
Арӯсе гирди ҳавлӣ, руфту рӯб дошт.
Писар то, ки шавад шахси баодоб,
Падар дар кунҷи хона, як-ду чӯб дошт.
Падар акнун, чунин савдо надорад,
Ба ҷуз пул, ӯ дигар ғавғо надорад,
Писар овораи бозии телефон,
Падар бошад, ба ин парво надорад.
??
Дугон, манба нигох кун, расо фарбех шуда брафтостиям, фигурама гум кардостиям.
Яяяяякккккк тарафои фитнес-клубба чарх зада равем ми? Сали хароб шавем, чтоб шавхарамон моба нигох кунад.😆
Эээ, биё мон, Улмасой. Унча расо кимат.🤣
Бахору зимистон каламфури булгори мефурушаму хеч не ки пули фитнес бурод.🤣
Э рав, набошад ту каламфури булгорита фурухта шин, ман худам фитнес клубба мерам. 🤣🤣🤣
Аз Фейсбук

**
Ҷунунандешаам, боди баҳор овардаам бо худ,
Муҳаббатпешаам, тӯмори ёр овардаам бо худ.
Чу оби рӯдаки ман рӯдакидон, рӯдакихон буд,
Дуруду ҳам суруди обшор овардаам бо худ.
Зи дарди ишқу дарди халқ буд ҳар мисраи шеърам,
Ки дарди мардуми олитабор овардаам бо худ.
Зи роҳи деҳа сӯйи шоҳраҳ азми сафар кардам,
Дуои мӯсафедони диёр овардаам бо худ.
Ғурурам буд, сурам буд, шеърам буду шӯрам буд,
Зи кӯҳистон ғурури кӯҳсор овардаам бо худ.
Замона қадри заргарро шиносад, қадри зар донад,
Зи сина чанд байти ёдгор овардаам бо худ.
Бибинам то ҷаҳонрову ҷаҳони хешро созам,
Каноре бар ҷаҳони беканор овардаам бо худ!
Хуршеди Азиз
@sugdion

ПУШТУ ПАНОҲИ ФАРЗАНД
Эй модаре, ки ҳастӣ пушту паноҳи фарзанд,
Бар дӯши худ бигирӣ ҷурму гуноҳи фарзанд.
Азбаски меҳрубонӣ, дар ин ҷаҳони фонӣ,
Ҳаргиз нахоҳӣ дидан рӯзи сиёҳи фарзанд.
Ҳар шому ҳар пагоҳӣ дорӣ ба дил таманно :
Бе ранҷу ғусса бошад шому сабоҳи фарзанд.
Фарзанд агарчи гоҳе бар ҷони ту ҷафо кард,
Аммо ҳамеша ҳастӣ ту хайрхоҳи фарзанд.
Як лаҳза аз канораш модар, агар ҷудоӣ,
Бидҳад туро машаққат дурии роҳи фарзанд.
Ҳар субҳу шому хуфтан ду даст бар дуъоӣ,
Зеро дуъои модар бошад силоҳи фарзанд.
Эй кош то ки ҳастӣ, эй кош то ки ҳастам,
Дидори ту набошад дур аз нигоҳи фарзанд.
08.01.2019
Кӯҳзод Фатҳулло

ДАРЕҒИ ЧАШМУ АБРӮИ СИЁҲАТ
Дар ёди Зайнаби тирбороншуда
Дареғи чашму абрӯи сиёҳат,
Дареғи чеҳраи монанди моҳат,
Тани сӯрох зери хок рафтӣ,
Намедонам чӣ буд бори гуноҳат?
Зи дасти толиби бе дину имон,
Зи олам рафтӣ бо қалби пурармон.
Даме ки тири толиб бар сарат рехт,
Ба сад ошуфтагӣ бигзаштӣ аз ҷон.
Бипӯшиданд ба ту дарҳои матлаб,
Бимондӣ дур ту аз мизи мактаб.
Ҷаҳони ту саросар тор бошад,
Бувад рӯзи ту ториктар зи сад шаб.
Аё эй духтари зебои афғон,
Набинӣ дар ҷаҳон ҷуз дарду ҳирмон.
Ба ин ҳусну латофат, беҳуқуқӣ,
Фурӯшандат чу як колои арзон.
Дареғо, ту ба коми хок рафтӣ,
Ба қалбу синаи садчок рафтӣ.
Аё, эй покбози олами ишқ,
Ба қалби хок қалби пок рафтӣ.
Дареғи чашму абрӯи сиёҳат,
Дареғи чеҳраи монанди моҳат,
Тани сӯрох зери хок рафтӣ,
Намедонам чӣ буд бори гуноҳат?
??
Дар ёди Зайнаби тирбороншуда
Дареғи чашму абрӯи сиёҳат,
Дареғи чеҳраи монанди моҳат,
Тани сӯрох зери хок рафтӣ,
Намедонам чӣ буд бори гуноҳат?
Зи дасти толиби бе дину имон,
Зи олам рафтӣ бо қалби пурармон.
Даме ки тири толиб бар сарат рехт,
Ба сад ошуфтагӣ бигзаштӣ аз ҷон.
Бипӯшиданд ба ту дарҳои матлаб,
Бимондӣ дур ту аз мизи мактаб.
Ҷаҳони ту саросар тор бошад,
Бувад рӯзи ту ториктар зи сад шаб.
Аё эй духтари зебои афғон,
Набинӣ дар ҷаҳон ҷуз дарду ҳирмон.
Ба ин ҳусну латофат, беҳуқуқӣ,
Фурӯшандат чу як колои арзон.
Дареғо, ту ба коми хок рафтӣ,
Ба қалбу синаи садчок рафтӣ.
Аё, эй покбози олами ишқ,
Ба қалби хок қалби пок рафтӣ.
Дареғи чашму абрӯи сиёҳат,
Дареғи чеҳраи монанди моҳат,
Тани сӯрох зери хок рафтӣ,
Намедонам чӣ буд бори гуноҳат?
??
ДАРДИ МУҲОҶИР
Сафар кардам
Ба он шаҳре, ки сангу хоку обаш ,
Кӯдаку пираш,
Ҷавону марду номардаш,
Ва ҳатто бомжҳои масту бадбӯяш,
Ва ҳам алкулии бадгӯю бадрӯяш
Намехоҳанд дидан ранги моро дар замини хеш.
Вале ман з-ин ҳама сарфи назар кардам,
Бале, худро ба нодонӣ задам маҷбур,
Гаҳе кар будаму гаҳ кӯр.
Чаро ки ин замон ойинаам муҳтоҷ бар хокистари инҳост,
Зи бас музди маъоши тифлакон дар кишвари инҳост.
Зи баски нону оши тифлакон дар кишвари инҳост.
Бубахшо, эй Ватан-Модар!
Агарчи дӯст медорам туро бо ҷон,
Вале фарзанди худро дӯсттар дорам.
Агарчи ту маро зодӣ,
Пару боли расо додӣ,
Раҳи фардом бикшодӣ…
Вале имрӯз роҳамро дигар кардам,
Нигоҳамро дигар кардам,
Бубахшо, сарпаноҳамро дигар кардам.
Шабонрӯзӣ намози ишқ мехонам,
Намози ишқи ту, ёди ту, номи ту,
Намозамро набошад ҳеҷ таъхире,
Намозамро набошад ҳеҷ тағйире,
Валекин ҷонамозамро дигар кардам,
Валекин саҷдагоҳамро дигар кардам.
Ватан, ту қиблаам ҳастӣ,
Ватан, ту қибла мемонӣ,
Ки ҳаргиз қибларо дигар нахоҳам кард.
Нусратулло Бобоев

ЗАНЕ ПАС АЗ 17 СОЛИ ОИЛАДОРӢ ЧУНИН ГУФТААСТ:
«Боварӣ ҳосил намудам, ки мардон зеботарин мавҷудоти олам ҳастанд:
— Вай тамоми давлати худро барои хоҳар, духтар, модар, ҳамсар ва наберагонаш сарф мекунад.
— Ҷавонӣ ва саломатии худро барои ҳамсар, фарзандон қурбон мекунад. Ҳар рӯз меҳнат карда, баъзан то дер кор кунад ҳам, ҳатто шикоят намекунад.
— Ҳарчанд мард бо корҳои зиндагӣ банд аст, аммо барои сохтани ояндаи фарзандонаш ҳаракат мекунад. Аммо, ба онҳо айбҳои гуногун дода мешавад.
— Дар кораш аз роҳбараш суханҳои нофорам шунида ояд, гоҳо аз падару модар, гоҳо аз ҳамсараш даккиҳо мешунавад.
— Агар худро барои андармон кардан ба кӯча барояд, шавҳари бемасъулият. Дар хона шинад дангоса ва танбал.
— Барои тарбияи фарзанд сахт истад, миннатчӣ ёки ваҳшӣ. Камтар озод дорад, барои тарбияи фарзандон бепарво.
— Ҳамсарашро аз кор кардан баргардонад, дар оила диктатор. Агар рухсат диҳад, муфтхӯр.
Бо вуҷуди ин, вай барои ояндаи беҳбудии фарзандонаш беист меҳнат мекунад.
Ҳатто агар ӯ мукофоти олие оварда натавонад, беҳтарин тӯҳфаҳои имконпазирро ба онҳо медиҳад.
Модар фарзандро нӯҳ моҳ бардорад, падар масъулияти онҳоро як умр мебардорад. Донистам, ки агар дар оила мард саломат бошад, дунё солим аст. Ҳурмати ҳар як падар ва ҳар як шавҳарро ба ҷойи худ гузоред. Шумо намедонед, ки ӯ барои шумо чӣ қадар қурбониҳо кардааст».