Forwarded from Deleted Account
Гоҳе барои ҳамназаре зор мешавӣ,
Пазмони як назокати гуфтор мешавӣ.
Дасту дилат зи кори ҷаҳон хаставу малул,
Танҳову бозмондаву бекор мешавӣ.
Аксат туро зи ойина писханд мезанад,
Дандоннамои соати девор мешавӣ.
Гоҳе ба сӯзи сина давое наёфта,
Бечораҳасрати дили бемор мешавӣ.
Аз ҳеҷ сӯ садои умедат намерасад,
Дар нокуҷои ҳеҷ гирифтор мешавӣ.
Беёд сар ба кӯчаву бозор мезанӣ,
Безортар зи кӯчаву бозор мешавӣ.
Гоҳе дар интизори як оҳанг, як салом,
Дар пеши чашми ақлу назар хор мешавӣ.
Монанди як таронаи садсолаи замон,
Дар радиои хотира такрор мешавӣ.
Чун Озарахш дар раҳи як шеъри тозарахш,
Ангезаи шарораи дидор мешавӣ…
Озарахш.
@sugdion
Подшох як хизматгоре дошт, ки хамеша хушҳол буд, аз кору зиндаги рози.
Подшох рузе уро даьват карду пурсид, ки ту хамеша хушхоли,сири ин хушхолиат дар чист?
Хидматгор чавоб дод:
Ман хушбахтам, зану фарзанд, хӯрок барои хӯрдан ва либос барои пӯшидан дорам.
Аз зиндаги қаноатманд ва хушбахтам ...

Вазир баьди рафтани Хидматгор ба подшоҳ гуфт иньоме кун,ки ӯ боз хам хурсанд шавад. Подшоҳ пурсид, ки чи подош бидихам?Бо 99 тангаи тиллои.Хурсанд мешавад,вале дигар хушбахт нахохад буд.Подшох хайрон шуд, вале гуфти вазирро ичро кард-дастур дод,ки ба хонаи Хидматгор тухфахо бубаранд ва 99 тангаи тилло бидиханд...

Вақте ки хизматгор ба хона баргашт, аз дидани туҳфахо ва тангаҳо шод гашт ва ба ҳисоб кардани тангахо даромад. Ва ӯ борҳо ҳисоб карда фикр мекард, ки бояд 100 танга кунад.Вай қарор дод, ки аз фардо барои як тангаи дигар бештар кор кунад, аз субҳ то шом заҳмат мекашид ва дигар хушҳол набуд...Подшох аз вазир пурсид, ки чаро ин тавр шуд? Вазир посух дод: "Молу дунье чамь кардан як навь беморист.Ту ин хидматгорро ба ин васваса гирифтор карди.У дигар хеч гох хушҳол ва қаноатманд нахохад буд,харчи пайдо кард,боз мехохад бештар дошта бошад."

Хушбахтӣ дар се ҷумла иборат аст:
Таҷриба аз дирӯз,
Имрӯз истифодаи он,
Умед ба фардо.

Аммо мо бо се ҷумлаи дигар зиндагиро вайрон мекунем:
Аз дирӯз пушаймонем,
Имрӯз коре анчом намекунем,
Аз фардо тарс дорем......(Гулчахон
Шарипова)
@sugdion
#БадриддинҲилолӣ

Ишқбози чӣ бало фикри хатое будааст,
Ишқ худ ишқ набудаст, балое будааст.
Кош бинанд худобехабарон ҳусни туро,
То бидонанд, ки моро чӣ Худое будааст.
Дар диёре, ки гули руйи туро парварданд,
Хуш бахорею фарахбахш ҳавое будааст.
Аҳд кардӣ, ки вафо пеша кунам, ҷаҳд бикун,
То бидонам, ки дар ин аҳд вафое будааст,
Боғи фирдавс заминест, ки он ҷо рузе
Сарви гулпираҳане, тангқабое будааст,
Баъди мурдан ба сари турбати ман бинвисӣ.
Ки ин аҷаб сухтаи бесарупое будааст,
Чораи дарди Ҳилолист балои ғами ишк,
Ишқро дард нагӯӣ, ки давое будааст.
@sugdion
Forwarded from Deleted Account
Forwarded from Deleted Account
МУШТАРИЁНИ АЗИЗ, ҲАВОДОРОНИ ШАБАКАҲОИ СУҒДИЕН (@sugdion_1 , @group_sugdion)

ВА ХУФАР САРМАНЗИЛИ БОБОИИ МАН (@saidova_oyisha).
БО МАҚСАДИ ТОЗА НАМУДАНИ ШАБАКАҲО ВА ГУЗОШТАНИ МАВОДҲОИ БЕҲТАРИН МО СИЛКАҲОИ ШАБАКАҲОРО АЗ НАВ ТАШКИЛ КАРДЕМ, АЗ ШУМО ЭҲТИРОМОНА ХОҲИШ МЕНАМОЕМ БА ШАБАКАҲОИ МО АЗ НАВ ҲАМРОҲ ШАВЕД.
УМЕД ДОРЕМ, КИ ТАМОМИ АЪЗОЁНИ ШАБАКА ШАБАКҲОИ НАВИ МОРО ДАСТГИРИ МЕНАМОЯНД.
ШАБАКАҲОИ МО БО ТАШРИФИ ШУМО АЗИЗОН РАНГИНУ ГУВОРОСТ.
СИЛКАҲОИ НАВИ МО:
@sugdion_ 1 ( Шабакаи Суғдиён)
@group_sugdion ( Гурӯҳи Суғдиён)
@saidova_oyisha( Шабакаи ХУФАР САРМАНЗИЛИ БОБОИИ МО)
Forwarded from Deleted Account
Forwarded from Deleted Account
МУШТАРИЁНИ АЗИЗ, ҲАВОДОРОНИ ШАБАКАҲОИ СУҒДИЕН (@sugdion_1 , @group_sugdion)

ВА ХУФАР САРМАНЗИЛИ БОБОИИ МАН (@saidova_oyisha).
БО МАҚСАДИ ТОЗА НАМУДАНИ ШАБАКАҲО ВА ГУЗОШТАНИ МАВОДҲОИ БЕҲТАРИН МО СИЛКАҲОИ ШАБАКАҲОРО АЗ НАВ ТАШКИЛ КАРДЕМ, АЗ ШУМО ЭҲТИРОМОНА ХОҲИШ МЕНАМОЕМ БА ШАБАКАҲОИ МО АЗ НАВ ҲАМРОҲ ШАВЕД.
УМЕД ДОРЕМ, КИ ТАМОМИ АЪЗОЁНИ ШАБАКА ШАБАКҲОИ НАВИ МОРО ДАСТГИРИ МЕНАМОЯНД.
ШАБАКАҲОИ МО БО ТАШРИФИ ШУМО АЗИЗОН РАНГИНУ ГУВОРОСТ.
СИЛКАҲОИ НАВИ МО:
@sugdion_ 1 ( Шабакаи Суғдиён)
@group_sugdion ( Гурӯҳи Суғдиён)
@saidova_oyisha( Шабакаи ХУФАР САРМАНЗИЛИ БОБОИИ МО)
Дар Олмон барои васеъ намудани ҷаҳонбинии кӯдакон онҳоро ба саёҳати масҷид мебаранд ва аз онҳо саҷда карданро хоҳиш менамоянд. Баъди саҷда кардан аз онҳо чиро эҳсос карданашонро мепурсанд. Ҷавобҳои онҳо ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Онҳо чунин гуфта ҷавоб доданд:
- Ман Исоро (а.с) шунидам.
- Ман бо Худо гап задам.
- Ман дигар ба Калисо намеравам.
- Ман аз тирезаи дунё ҷаннатро дидам.
- Агар ман мусалмон шавам ба ман ғазаб намекунам?
- Ин аз машқҳои йога дида хуштар будааст.
- Дардҳои пешонии ман ба замин фурӯ рафтанд.
- Ман Худои мусалмононро дидам. Ӯ маро низ бо меҳр назди худ хонд.
- Ситораҳо ба ман наздик омаданд, ман бошад онҳоро тамошо кардам.
- Ман одамони равшанро дидам , ки Худо онҳоро дӯст медошт.
- Мо бо мошинҳои сабукрав сӯи осмон рафтем.
- Худои мусалмонон забони олмониро медонад?....(?)
Аз мавлоно пурсиданд :
"Кадоми мусиқи ҳаром ба назар мерасад? "
Мавлоно посух дод;
"Садои қошуқи ғизохурӣ  дар табақи сирватмандон, ки ба гӯши як фақири гурусна мерасад".
Сарвазири собиқи Англия Черчил гуфта буд:
✔️Агар Фаронса бимирад, зебои хоҳад мурд,
✔️Агар Олмон бимирад, иқтисодиёт хохад мурд
✔️ Агар Англия бимирад сиёсат мемирад,
✔️Агар шибаҳа ҷазираи араби (кишварҳои арабӣ) бимирад хиёнат хоҳад мурд,
☑️Агар Эрони бимирад тамаддуни бостонии башари хоҳад мурд !
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Нони машхури Самарқанд чи тавр пухта мешавад?
НАҚИЗА (пародия)
Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад,
Ин гуна агар нест, ба дунболи худат бош.
?

Ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамсоли худат бош,
Ҳамқисмату ҳампешаву ҳамболи худат бош.

Хешиву қаробат ба касе суд надорад,
Бобои худат, мому аму холи* худат бош.

Дилтанг шавӣ, ҷанг макун бо дигарон ту,
Баргир гиребону ба ҷанҷоли худат бош.

Чун Ҳофизи Шероз машав волаи турке,
Дилбаставу ошиқ ба хату холи худат бош.

Тақвим раҳо соз, чи милод, чи ҳиҷрат,
Тақвими худат, рӯзу маҳу соли худат бош.

Ҳамроҳи касон чанд давӣ аз пайи як тӯб?
Тӯбе ба каф ору пайи футболи худат бош.

Олам ҳама гар ғарқ шавад дар ғаму андуҳ,
Лабханд бизан бо худу хушҳоли худат бош.

То ҳарфи туро ҳикмати Иқбол шиносанд,
Як ҳарф аз ӯ овару Иқболи худат бош.

Амсоли касе бош, ки монанди ту бошад,
Монанди ту гар нест, ту амсоли худат бош.

Ҳусне, ки туро ҳаст нагунҷад ба каломе,
Дар ойина ҳардам нигару лоли худат бош.

-----
*Мому аму хол – модару амаку тағо.
Шаҳриёр Каҳҳоров
@sugdion_1
Дар Ҷопон дар вақти ҷанг ин ҷавон бародари мурдаи худро ҳамл мекард, то уро дафн кунад. Сарбозе мутаваҷҷеҳи у шуд ва аз у хост, ки ин кудаки мурдаро бияндозад ,то хаста нашавад. Ҷавон посух дод ,ки у сангин нест у бародари ман аст. Сарбоз фаҳмид ва гиря кард. Аз он замон ин тасвир ба намоди иттиҳод байни ҷопониҳо табдил ёфтааст. Ай кош ин шиори мо бошад :"У сангин нест у бародари ман аст "... У хоҳари ман аст... Агар афтод, уро баланд мекунам. Агар хаста шуд, кумакаш мекунам ва агар заъиф шуд аз у ҳимоят мекунам ва у сангин нест.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Забоншинос ва олими турк мегуяд, ки 40 % забони туркӣ аз забони форсӣ гирифта шудааст.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Агар титаник имрӯз гарк мешуд))😉
Аз кудаки маро аз гургхо тарсидан омухтанд, аммо зиндаги нишон дод, ки бояд нигарони аз гусфандҳо дошта бошам☝️
Умри худ барбод кардам дар талоши зиндагӣ,
Кӯҳи олам бод кардам дар талоши зиндагӣ.
Қоматам хам гашт чашмам хира по ларзон шуд,
Ҷанг по фулод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳарчи кардам зора кардам ҳеҷ рози нашуд,
Тарки илму устод кардам дар талоши зиндагӣ.
Рози дил ногуфта монду дарди дил пинҳон шуд,
Маърака обод кардам дар талоши зиндагӣ.
Чор тараф дар тагу тозам кай илоҷ кунам,
Ҳамчу мург фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Дар даҳон дандон намонд, ки нони бе миннат хурам,
Нафси худро шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳар сахар мехезаму рӯ сӯи Қибла мекунам,
Сабри худ пайдо кардам дар талоши зиндагӣ,
Гардани каҷ мунтазири пеши номардон шудам,
Душмани худ шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Эй бародар ҳеҷ гоҳ ғофил зи ёди Ҳаҷ мабош,
Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндагӣ.
Кори Ҳақ-ро пеша гиру дар байни ноаҳлон машин,
Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Хотири хеш ҷамъ дор эй дуст осуда бош,
Бо фақирон ёр бош дар талоши зиндагӣ!
✍️Аҳмади Ҷомӣ.
@sugdion_1
2025/06/29 17:33:50
Back to Top
HTML Embed Code: